Осоишгоҳҳоро кушоданд, аммо истироҳатгоҳҳои кӯдакон бастааст

Акс аз бойгонӣ

Баъди бештар аз ду моҳи танаффус ва табдил шудан ба макони "карантин", осоишгоҳҳои табобатӣ ва фароғатии Тоҷикистон дубора ба қабули мизоҷон оғоз карданд. Сокинон аз эҳтимоли паҳншавии беморӣ нигаронанд, вале масъулони осоишгоҳҳо гуфтанд, ки риояи қоидаҳои беҳдоштӣ сахттар шудааст ва ҷое барои ташвиш нест.

Вазорати тандурустии Тоҷикистон дар охири моҳи апрел вуҷуди бемории COVID-19-ро эътироф кард. Дар пайи он баъзе аз осоишгоҳҳоро бастанд ва баъзеи дигарро ба макони карантин ва табобати даҳҳо нафар табдил доданд.

Дар осоишгоҳҳои Баҳористону Хоҷа Обигарм ва Шоҳамбарӣ гуфтанд, ки аллакай ба қабули муштариён оғоз намуданд. Як мусоҳиби мо дар осоишгоҳи Баҳористон дар вилояти Суғд рӯзи 18-уми июн гуфт: "Як муддат кор намекардем, чун касе ба истироҳат намеомад. Ҳоло кор ба таври маъмул пеш меравад. Осоишгоҳи мо макони карантин набуд ва баъди эълони кор даҳҳо нафар барои гирифтани ҷой ба мо занг заданд."

Мақомоти Тоҷикистон мегӯянд, бо шарти риоя кардани қоидаҳои беҳдоштӣ рӯзи 15-уми июн ба кори осоишгоҳҳо иҷозат доданд.

Абдукарим Қурбонов, як масъули Кумитаи рушди сайёҳии Тоҷикистон, гуфт, ду соли ахир дар баробари ҷаҳонгардони хориҷӣ, таваҷҷӯҳи мардуми бумӣ ба минтақаҳои сайёҳӣ ва осоишгоҳу мавзеъҳои диданӣ бештар шудааст. Ба қавли ӯ, ҳоло 280 маркази хизматрасонӣ, аз ҷумла осоишгоҳҳои табобативу фароғатӣ, фаъоланд.

Кодекси меҳнати Тоҷикистон ҳафтаи кории 40-соатӣ ва рухсатии бомузди на кам аз 28 рӯзро кафолат медиҳад. Сокинон мегӯянд, бинобар камии маошу даромад на ҳамеша имкон доранд, ки давраи рухсатиро дар осоишгоҳу истироҳатгоҳҳо гузаронанд. Гузашта аз ин, пандемияи коронавирус ба нақшаи бисёриҳо халал ворид намудааст.

Моҳистон Каримова дар яке аз донишгоҳҳо дарс мегӯяд ва ҳар сол барои истироҳату табобат ҳудуди даҳ рӯз ба осоишгоҳ мерафт. Имсол дудила аст. "Нақша доштам, ки ба Шоҳамбарӣ равам, вале вазъият чунин шуд. Дигар намедонам ба истироҳат равам, ё пуламро барои рӯзи мабодо нигоҳ дорам, чун маълум нест беморӣ кай аз байн меравад", -- афзуд ӯ.

Ҳоло дар Тоҷикистон ягон пажӯҳише дақиқ накардааст, ки чанд дарсади сокинони кишвар имкони истироҳату табобат дар осоишгоҳҳои хуб ва мавзеъҳои хушбоду ҳавои дохил ё хориҷи кишварро доранд ва чӣ теъдод аслан аз истироҳат дар осоишгоҳҳо маҳруманд.

Кумитаи рушди сайёҳӣ гуфт, дар соли 2019 беш аз 400 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон аз мавзеъҳои сайёҳии кишвар дидан кардаанд. Иқтисоддонҳо мегӯянд, аксаран онҳое имкони истироҳат дар осоишгоҳҳои нисбатан хубро доранд, ки маошашон ҳадди ақал 150-200 доллар аст ва ё фарзандонашон соҳиби кори муносибанд ва ё тиҷорат доранд. Як рӯзи будан дар баъзе аз осоишгоҳҳо аз 200 сомонӣ зиёдтар аст.

Ҳар сол дар Тоҷикистон аз 15-уми июн таътили тобистонаи хонандагони мактабҳо шуруъ мешуд. Баъди таҳсили ҳаштмоҳа истироҳат орзуи ҳар наврас аст, аммо имсол ба далели густариши коронавируси нав хонандагон охири моҳи апрел ба таътил баромаданд ва нақшаи истироҳати тобистонаи онҳо низ вайрон шуд.

Масъулони Иттифоқи касабаи Тоҷикистон мегӯянд, ҳанӯз истироҳатгоҳҳои тобистонаи кӯдакон кушода нашудааст. Муҳаммад Қурбонов, як масъули иттиҳодия, гуфт, дастури Ситоди ҷумҳуриявии муқобила бо COVID-19-ро мунтазиранд.

Шодихони Ҷамшед, муовини вазири тандурустии Тоҷикистон гуфт, ҳанӯз тасмими ниҳоӣ дар мавриди фаъол шудани лагерҳои бачагона гирифта нашудааст: "Ҳоло вазъ дар кишвар пурра хуб нашудааст. Аз сӯи дигар, дар чанд осоишгоҳҳои бачагона давраҳои карантин гузаронида шуда буд. Дар ҳолати дастури расмӣ волидон метавонанд роҳхат бигиранд ва фарзандони худро ба истироҳатгоҳҳо фиристанд."

Дар Тоҷикистон ҳудуди 60 лагери кӯдакон мавҷуд аст. Масъулон мегӯянд, солҳои ахир дубора майли волидон барои истироҳати кӯдакон дар истироҳатгоҳҳо афзудааст ва аксарият мехоҳанд, фарзандонашон дар шароити хуб истироҳат кунанд. Аз миёни садҳо ҳазор муҳассил бахши хурде имкони истироҳат карданро пайдо мекунанд, бақия тобистони гармро дар хона, дар кӯча ва ё бо кумак ба волидонашон дар саҳро пушти сар мекунанд.

Корбарони азиз!

Ҳангоми навиштани шарҳ аз истифодаи таҳқиру тӯҳмат нисбат ба якдигар, намояндагони қавму миллатҳо ва динҳои гуногун худдорӣ кунед. Шарҳҳое, ки дорои туҳмату таҳқир, дашном ва иттилооти дурӯғанд ё гурӯҳеро таблиғ мекунанд, нашр карда намешаванд!