Ҳамла ба Абдуллоҳ Ғурбатӣ, хабарнигори "Азия-Плюс" дар Душанбе

Абдуллоҳ Ғурбатӣ

Абдуллоҳ Ғурбатӣ, хабарнигори 23-солаи оҷонси иттилоотии "Азия-Плюс", дар Душанбе мавриди ҳамлаи афроди ношинос қарор гирифтааст. Вай шоми 11-уми май дар паёме кӯтоҳ дар ин бора хабар дод ва гуфт, тафсилотро дертар менависад.

Мақомот дар ин бора ҳанӯз чизе нагуфтаанд. Бархе аз хабарнигорон онро ҳамлаи ошкор ба озодии баён ва фаъолияти рӯзноманигорӣ дар Тоҷикистон донистанд. Абдуллоҳ Ғурбатӣ рӯзҳои ахир фаъолона мушкили шифохонаҳо ва масоили вобаста ба бемории ҳамагирро бозтоб медод.

Хабарнигори тоҷик бо нашри аксе, ки захмҳои бардоштаашро нишон медиҳад, шоми душанбе дар Фейсбук навишт: "Ин пайи чанги ду шағол аст, ки як соат пеш ба ман дарафтоданду корро тамом накарда, аз тарс гурехтанд."

"Азия-Плюс" мегӯяд, ҳамла соати тақрибан 21.20 дар пеши хонаи хабарнигор, дар наздикии бозори "Корвон"-и пойтахт, сурат гирифтааст.

Ба иттилои хабаргузорӣ, ду нафар ба Абдуллоҳ Ғурбатӣ ҳамла карда, бе овоз ӯро задаанд: "Баъди онки Абдулоҳ кӯшиш кардааст фарёд занад, ҳамлаварон пинҳон шудаанд. Онҳо ягон чизи хабарнигорро нагирифтаанд".

Оҷонсӣ мегӯяд, ҳамкоронаш Абдуллоҳ Ғурбатиро барои расондани ёрии тиббӣ ба бемористон бурдаанд. "Вақтҳои ахир афроди ношинос ба Абдуллоҳ таҳдидҳо карда буданд", - навиштааст хабаргузорӣ.

Мақомот ҳанӯз ин хабарро шарҳ надодаанд.

Раҷаби Мирзо, таҳлилгар ва рӯзноманигори шинохтаи тоҷик, аз мақомот хостааст, дар наздиктарин фурсат вокуниш кунанд.

Ӯ дар Фейсбук навишт, "барои ин ҳамкасби мо табибонро муҳайё насозанду ҷинояткоронро пайдо накунанд, назару фарзияи мардум дигар хоҳад шуд ва ҳатман хулоса хоҳанд кард, ки ин ҳодисаи нангин ба хотири тарсзоӣ дар ҷомеа рух додааст."

Абдуллоҳ Ғурбатӣ беш аз як сол инҷониб дар хабаргузории "Азия-Плюс" кор мекунад ва бештар мушкилоти мардумро ба баррасӣ мегирад.

Ғурбатӣ дар рӯзҳои ҳангомаи баландшавии нархи орд дар Тоҷикистон аз байни анбӯҳи одамон дар навбатҳо мепурсид, ки “барои чӣ орди зиёдеро харидан мехоҳед?” ё санҷидан хост, ки дар шароити пандемия тоҷикон омода ҳастанд, барои бехатарӣ аз баҳри саломи дастӣ бигзаранд. Дертар корбарони наздик ба мақомот дар шабакаҳои иҷтимоӣ, ки аз онҳо "фабрикаи ҷавоб" ном мебаранд, дар наворе ба ӯ "дарафтоданд".

Аз он пеш дар моҳи октябри 2019 дар ҳоле ки мақомот вуҷуди "облава"-ро рад карда, иддао доштанд, ки сафи довталабони хидмат дар артиш афзудааст, Абдуллоҳ Ғурбатӣ "сарбозшикор"-ро таҷруба кард ва аз ҷалби маҷбурӣ ба хидмати сарбозӣ гузориш дод.

Ӯ қаблан дар Маркази таҳқиқоти журналистии Тоҷикистон кор кардааст.

Ҳамла ба хабарнигор дар ҳоле сурат гирифт, ки созмони Гузоришгарони Бидуни Марз (Reporters Without Borders) моҳи апрел дар шохис ё индекси нави озодии матбуот Тоҷикистонро дар миёни 180 кишвар, мисли соли гузашта, дар мақоми 161-ум ҷой дод. Тоҷикистон соли 2018 дар ҷойи 149-ум буд. Дар ду соли ахир, ба қавли ин созмон, шароити кори матбуоти мустақил дар Тоҷикистон сангинтар шудааст.

Корбарони азиз!

Ҳангоми навиштани шарҳ аз истифодаи таҳқиру тӯҳмат нисбат ба якдигар, намояндагони қавму миллатҳо ва динҳои гуногун худдорӣ кунед. Шарҳҳое, ки дорои туҳмату таҳқир, дашном ва иттилооти дурӯғанд ё гурӯҳеро таблиғ мекунанд, нашр карда намешаванд!