Канали Ҳисорро пок мекунанд, то Сурхондарё ҳам оби кофӣ бигирад

Узбекистон тасмим гирифтааст, ки то ду моҳи дигар канали бузурги Ҳисорро пок кунад. Ин канал соли 1942 мавриди истифода қарор гирифта, дастикам 30 соли ахир аслан поккорӣ нашудааст.

Тасмими Узбекистон барои тоза кардани канали Ҳисор барои он аст, ки оби канал барои обёрии заминҳои вилояти Сурхондарё истифода мешавад. Канали Ҳисор бо истифода аз заҳмати беш аз 25 ҳазор кишоварзи тоҷику узбек ё колхозчиён сохта шудааст ва 50 километр аст.

Рӯзи 13-уми март дар наздикии деҳаи Чаманистони шаҳри Ҳисор 9 экскаватор аз Узбекистон машғули тоза кардани ин канал буданд. Нурмаҳмад Гадоев, сардори канали Ҳисор машғули роҳбарии корҳои поксозӣ аст.

Вай дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, ки дар ин вазифа 27 сол кор мекунад ва боре ҳам ин канал ба сурати куллӣ поккорӣ нашудааст. Ҳамасола, танҳо бархе аз ҷойҳои каналро аз гилу рег пок мекарданду тамом. Ҳамакнун бар асоси созишномаи миёни ҳукуматҳои Тоҷикистон ва Узбекистон, кишвари ҳамсоя тасмим гирифтааст, каналро, ки гили зиёде онро пур кардааст, пок созад.

Вай афзуд, ин канал соли 1942 бо ҳадафи обёрии 25 ҳазор гектар замин дар водии Ҳисор, яъне 15 ҳазор гектар дар ноҳияҳои Рӯдакиву Ҳисор ва Шаҳринав ва 10 ҳазор гектар замин дар ноҳияҳои вилояти Сурхандарёи Узбекистон сохта шуда буд. Ба гуфтаи вай, дар фасли тобистон канали Ҳисор то ба якшавии дарёи Қаратоғу Тупаланг ва Ширкент обро интиқол дода, сипас тавассути ин рӯдхона обро то ба вилояти Сурхандарё мебарад.

"Соли гузашта мо тавонистем, аз тариқи ин канал ба Узбекистон 170 миллион метри мукааб оби дарёи Варзобро интиқол диҳем. Баъд аз тозакунии кулли он, имкон пайдо мешавад ин рақам то ба 200 миллион метри мукааб афзоиш дода шавад" - афзуд вай.

Ҳалим Саидов, сокини деҳаи Чаманистони шаҳри Ҳисор, ки дар канори канали бузурги Ҳисор зиндагӣ мекунад, аз поксозии канал изҳори хушҳолӣ кард. Ҳалим Саидов гуфт: "Мо аз ин канал оби нӯшиданӣ мегирем. Дар қаъри он гилу партови зиёде ҷамъ шудааст. Тоза кардани он барои пешгирӣ аз бемориҳои сироятӣ низ мусоидат мекунад. Ман дар ин деҳа тақрибан сӣ сол зиндагӣ мекунам ва дар ин муддат боре ҳам ин канал ба сурати умум пок нашуда буд".

Тоҷикистону Узбекистон ду даҳсолаи ахир ва дар замони раёсати Ислом Каримов муносибати чандон хуб надоштанд. Баъди ба қудрат расидани Шавкат Мирзиёев дар соли 2016 ду тараф ҳамкориҳои иқтисодиву сиёсиро ҳамаҷониба тавсия доданд ва поккории канал яке аз намунаи ин ҳамкориҳост.

Дар замони сард будани робитаҳо, Тоҷикистон бо Узбекистон камтарин робитаҳои иқтисодиро дошт. Дар соли 2015 ҳаҷми гардиши мол миёни ду кишвар ҳамагӣ 12 миллион доллар буд. Аммо тибқи иттилои Оҷонси омори Тоҷикистон табодули молу коло миёни Тоҷикистон ва Узбекистон дар соли 2019 беш аз 300 миллион долларро ташкил додааст.

Аз сӯи дигар, дар пайи тавсеаи робитаҳои иқтисодӣ муносибатҳои фарҳангиву низомӣ низ дар ҳоли тавсеа ҳастанд. Феълан, дар размоишгоҳи Фахробод, дар ҷануби шаҳри Душанбе тамриноти дуввуми муштараки низомии Тоҷикистону Узбекистон идома дорад. Қарор аст, Баҳодур Қурбонов, вазири дифои Узбекистон 14-уми март ба хотири ширкат дар маросими анҷоми ин размоиш вориди Тоҷикистон шавад.

Корбарони азиз!

Ҳангоми навиштани шарҳ аз истифодаи таҳқиру тӯҳмат нисбат ба якдигар, намояндагони қавму миллатҳо ва динҳои гуногун худдорӣ кунед. Шарҳҳое, ки дорои туҳмату таҳқир, дашном ва иттилооти дурӯғанд ё гурӯҳеро таблиғ мекунанд, нашр карда намешаванд!