Масҷиди нави Душанберо кай мекушоянд?

Браузери шумо HTML5-ро намешиносад

Ифтитоҳи масҷиди нав дар шаҳри Душанбе, ки қарор буд рӯзи 12-уми март бо ҳузури амири Қатар баргузор шавад, ба таъхир афтодааст. Сулаймон Давлатзода, раиси Кумитаи дини Тоҷикистон гуфт, "ба далели паҳншавии короновирус, сафари амири Қатар ба Тоҷикистон ба таъхир афтод".