Котиби давлатии ИМА Майк Помпео рӯзи охирини сафари худ ба Аврупои Шарқиву Осиёи Марказиро барои мутақоид кардани Узбекистон дар тақвияти робитаҳои дуҷонибаи Вашингтону Тошканд истифода кард.
Вазири умури хориҷии Узбекистон Абдулазиз Комилов баъди дидору гуфтугӯ бо Помпео дар Тошканд рӯзи 3 феврал гуфт, ки Узбекистон ҳамоҳангсозии фаъолиятҳои худро дар робита бо вазъ дар Афғонистони ҳамсоя идома хоҳад дод ва ҳамчунин ба тавсеаи ҳамкориҳо дар бахшҳои дигар таваҷҷӯҳ зоҳир мекунад.
Комилов гуфт, “Вашингтон пешравии назарраси Узбекистонро дар соли гузашта дар заминаи озодиҳои динӣ, маҳви кори маҷбурии кӯдакон, ҳуқуқи башар, инчунин эҷоди шароит барои таъмини озодии баён эътироф кардааст”.
Ширкат дар С5+1 ва дидор бо Сироҷиддин Муҳриддин
Рӯзи душанбе Помпео инчунин дар нишасти вазирони хориҷаи Осиёи Марказӣ, мавсум ба ҳамоиши "C5+1" иштирок кард. Вебсайти вазорати умури хориҷии Тоҷикистон гуфт, ки дар ин мулоқот "масъалаҳои марбут ба густариши ҳамкориҳои иқтисодӣ-энергетикӣ, таҳкими амнияти сарҳадӣ ва минтақавӣ ва мубориза бо терроризми байналмилалӣ ва ифротгароӣ баррасӣ гардиданд". Дар хабари кӯтоҳи дигар вазорати хориҷии Тоҷикистон дар бораи дидору гуфтугӯи Майк Помпео ва вазири умури хориҷии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин ҳам хабар дод. Бино ба иттилои расмӣ, дар ин мулоқот "дурнамои густариши муносибатҳои дуҷониба, ҳамкориҳои минтақавӣ ва байналмилалӣ" баррасӣ шудааст. Феълан дарёфти иттилои аз ин беш имкон надорад. Ба навиштаи бархе хабаргузориҳо, нишасти "С5+1" пушти дарҳои баста ҷараён гирифтааст.
Помпео қабл аз шурӯи мулоқотҳо гуфт, “мо ҳатман дар мавзӯи амният сӯҳбат мекунем, дар бораи ҳамоиши иқтисоии миёни ин кишварҳо, инчунин дар бораи ин ки чӣ тавр ҳар яки онҳо метавонанд кишварҳои худро дигар кунанд” - аз назари озодиҳои сиёсӣ, шароити иқтисодӣ ва ҳуқуқи башар.
Ситоиш ва интиқод аз Узбекистон
Қарор аст Помпео давоми рӯз инчунин бо президенти Узбекистон Шавкат Мирзиёев мулоқот кунад.
Мирзиёев, ки дар гузашта дар вазифаи нахуствазии Узбекистон кор кардааст, баъди даргузашти Ислом Каримов сентябри соли 2016 сари қудрат омад. Каримов ин ҷумҳурии серҷамъияти Осиёи Марказиро аз соли 1991 бо панҷаи оҳаниаш раҳбарӣ мекард.
Мирзиёев, ки охири соли 2016 дар интихобот пирӯз шуд, барои зинда кардани иқтисоди кишвар ва роҳандозии ислоҳот дар Узбекистон иқдом кард. Ин замоне буд, ки ҳуқуқи инсон дар саросари кишвар ва аксар соҳаҳо маҳдуд буд.
Вале ҳанӯз ҳам созмонҳои ҳомии ҳуқуқ дар робита бо шароит дар Узбекистон изҳори нигаронӣ мекунанд. Созмони “Хонаи Озодӣ” (Freedom House), масалан, Узбекистонро дар арзёбии вазъи озодиҳои ин кишвар дар миёни кишварҳои ноозод ҷой кардааст. Ин созмон мегӯяд, ки фазои интернетӣ дар ин кишвар ҳамоно “саркӯбгарона” боқӣ мемонад (freedomhouse.org/report/freedom-net/2018...)
Узбекистон инчунин захираҳои қобили мулоҳизаи нафту газ дорад ва дар баробари Русияву Чин дар минтақа аз назари нуфуз рақобат мекунад. Ин кишвар дар ҷанги Афғонистон ва мубориза бар зидди ифротгароии динӣ бо Вашингтон муттафиқ аст.
ИНЧУНИН, БИХОНЕД: Майк Помпео: "Мо дастнигар будани кишварҳои Осиёи Марказиро намехоҳем"
Қабл аз Тошканд Помпео дар Қазоқистон буд. Ӯ рӯзи 2 феврал бо президент Қосимжомарт Тоқаев ва собиқ президент Нурсултон Назарбоев дидору гуфтугӯ кард. Аз ин пеш дар Беларус буд ва дар Минск рӯзи 1 феврал бо Александр Лукашенка ва дар Киев рӯзи 31 январ бо президенти Украина Владимир Зеленский дидору гуфтугӯ кард.
Сафари ӯ ба Аврупову Осиёи Марказӣ 29 январ аз Бритониё шурӯъ шуд. Он ҷо Помпео бо вазири хориҷа Доминик Рааб ва нахуствазир Борис Ҷонсон мулоқот кард.
Корбарони азиз!
Ҳангоми навиштани шарҳ аз истифодаи таҳқиру тӯҳмат нисбат ба якдигар, намояндагони қавму миллатҳо ва динҳои гуногун худдорӣ кунед. Шарҳҳое, ки дорои туҳмату таҳқир, дашном ва иттилооти дурӯғанд ё гурӯҳеро таблиғ мекунанд, нашр карда намешаванд!