Ҷавоне, ки "қасди оташ задани арчаро дошт", аз ташхиси рӯҳӣ мегузарад. ВИДЕО

Фарҳоди Азизмад

Мақомоти интизомии шаҳри Кӯлоб гуфтанд, ҷавоне, ки бо гумони қасди оташ задани арчаи солинавӣ дастгир шудааст, дар Душанбе аз ташхиси рӯҳӣ мегузарад. Пайвандони Фарҳоди Азизмад ба бемори равонӣ будани ӯ пойфишорӣ доранд.

Фарҳоди Азизмад, сокини 27-солаи шаҳри Кӯлобро рӯзи 24-уми декабри имсол, баъди кӯшиши, ба гуфтаи мақомот, оташ задани арчаи солинавӣ ва ҳамла ба маъмури милиса боздошт карданд. Бо гузашти панҷ рӯз мақомот расман ҳодисаро шарҳ надодаанд. Наздиконаш мегӯянд, ӯ вакили мудофеъ надорад ва то ҳол муяссар нашудааст, ки рӯ ба рӯ бубинанд.

ИНЧУНИН, БИХОНЕД: Милисаи Кӯлоб ҷавонеро бо гумони қасди оташ задани арчаи солинавӣ боздошт кард


Як манбаъ дар ниҳодҳои интизомии шаҳри Кӯлоб рӯзи 29-уми декабр гуфт, "Фарҳоди Азизмад соати 6:20-и субҳи сешанбеи гузашта бо ҳадафи нест кардани арчаи солинавӣ ба маркази шаҳр рафта, аввал чанд навиштаро даррондааст." Бино ба як санаде, ки Радиои Озодӣ дастрас кард, маъмурони милиса дар гузорише навиштаанд, "Фарҳоди Азизмад баъд аз кӯшиши оташ задани арчаи солинавӣ ва ҳамла бо корд ба маъмури милиса дар маҳаллаи Чармгарони Поёни Кӯлоб дастгир карда шуд."

Бино ба ин гузориш, Фарҳоди Азизмад дар лаҳзаҳои аввали боздошт дар бемористони вилоятии Кӯлоб бистарӣ карда шуда, дертар ба боздоштгоҳи муваққатӣ интиқол ёфтааст. Сабаби аввал ба бемористон бурдани ӯ ҳанӯз маълум нест. Мақомот низ шарҳ намедиҳанд.

Дар ҳамин ҳол, наздикони ин ҷавон мегӯянд, вай пас аз озод шудан аз зиндон дар соли 2016 аз бемории равонӣ ранҷ мекашид ва эҳтимол рафтори ахираш "барқасдона нест". Саида Абдулҳамидова, ҳамсари Фарҳоди Азизмад, рӯзи 29-уми декабр ба Радиои Озодӣ гуфт, "бемории равонӣ дорад. Ба ин вазъ ҳангоми дар зиндон будан гирифтор шудааст. Ҳатто шаш моҳ дар бемористони шаҳри Ваҳдат табобат гирифтааст."

Мақомот аз хонаводаи ҷавон талаб кардаанд, ки санади бемор будани ӯро дастрас кунанд. Модараш мегӯяд, дар бемористони шаҳри Ваҳдат ба онҳо гуфтаанд, ки "чунин санад надоранд".

"Доим шикоят мекард, ки дар сарам чизе ҳаст ва калаашро ба инҷову онҷо мезад. Ману кӯдаконро дашном медод, ки чизеро аз сараш бигирем. Дар асл дар сараш чизе набуд," – нақл кард Саида Абдулҳамидова.

Фарҳоди Азизмад чанд сол пеш бо гуноҳи қочоқи маводи мухаддир зиндонӣ шуда буд. Ӯро соли 2016 бар асоси қонуни афв озод кардаанд.

Ҳамсояҳои Фарҳоди Азизмад мегӯянд, ӯ баъди омадан аз зиндон "камгап шуда буд". Шарифхон Мӯсоев, яке аз ҳамсояҳош гуфт, пеш аз ҳодисаи қасди гӯиё оташ задани арчаи солинавӣ корҳои ғайриоддие низ кардааст: "Субҳ дар масҷид ба ҷойи имом баромада, намоз гузоштааст."

Ҳоло наздикони Фарҳоди Азизмад талош доранд, бемори равонӣ будани ӯро исбот кунанд, то аз ҷавобгарӣ озод ва ба табобат фаро гирифта шавад. Мақомоти интизомӣ ҳам мегӯянд, ташхиси равонӣ дар Душанбе ба ин баҳс нуқта хоҳад гузошт. Ва онҳо ин суолҳоро дар миён мегузоранд, ки агар ҷавон бемори равонӣ буд, чаро то ин дам ба шифохона бурда нашудааст?

Ҳар сол дар остонаи соли нав дар гӯшаҳои гуногуни Тоҷикистон ва бахусус маркази шаҳру вилоятҳо арчаи калони солинавӣ мегузоранд. Мақомоти Вазорати умури дохилӣ мегӯянд, ба хотири ҷилавгирӣ аз сӯхтору ҳодисаҳои нохуш ва халалдор нашудани фазои хуши солинавӣ дар назди арчаҳои калон ситодҳои байниидоравӣ ташкил шудааст.

Соли гузашта дар маркази ноҳияи Рашт арчаи солинавӣ оташ гирифта буд. Мақомот гуфтанд, ҳодисаи барқасдона нест ва сабабаш расиши кӯтоҳи ноқилҳо аст.

Шоҳиди ҳодисае шудед, ё аксе видеое доред, лутфан, ба ин шумораҳо ва ба воситаи Вотсап, Вайбер, Телеграм ва ё ИМО бифристед: (+420) 607 900 808; (+420) 724 056 681; (+420) 724 053 959; (+992) 980 15 10 10