Зани тоҷик аз ширкати эронӣ нафақаи шавҳари фавтидаашро талаб дорад
Браузери шумо HTML5-ро намешиносад
Зулайхо Алимаҳмадова, сокини ноҳияи Муъминободи вилояти Хатлон, мегӯяд, шавҳараш соли 2012, ҳангоми кор дар ҳайати як ширкати Эрон дар маҳалли сохтмони нирӯгоҳи Роғун ба ҳалокат расид, вале ширкат аз пардохти нафақаи фарзандонаш сарпечӣ мекунад. Довуд Саидов ба сифати таркишгар дар ширкати эронии “Собир” кор мекард. Пас аз марги шавҳар Зулайхо Алимаҳмадова бо 4 духтари ноболиғ мондааст. Ширкати эронии “Собир” барои ҳар фарзандаш ҳар моҳ 300 сомонӣ нафақа таъйин кардааст, аммо 15 моҳи ахир онро намедиҳад. Чаро? Тафсилотро дар видео бинед.