Зиндагии пинҳони Бабрак Кормал, президенти пешини Афғонистон дар ҷангали Чехославакия

Дар зимистони соли 1978 то 1979 режими коммунистии Афғонистон ба раҳбарии Нурмуҳаммад Таракӣ гурӯҳи сенафариро барои ёфтан ва куштани Бабрак Кормал, сафири кабири Афғонистон дар Чехославакия, вазифадор карда буд. Мақомоти Чехославакия барои ҳифозат аз ҷони Кормал ва хонаводааш, ӯро дар як ҷангал дар наздикии марзи Олмони шарқӣ пинҳон карда буданд.

Хонаводаи шашнафарии Кормал зери назари пулиси махфии Чехославакия ба сар мебурд ва баъд дар осоишгоҳе дар як минтақаи дурафтодаи куҳистонӣ ҷойбаҷо шуд ва сипас дар як бӯстонсаро, ки замоне мавриди истифодаи артиши Иттиҳоди Шӯравии собиқ қарор дошт, ҷой дода шуд.

Ин ҷузъиёти ҳайратангез дар парвандаи 370-сафҳаии STB ё пулиси махфии Чехославакияи пешин дарҷ аст, ки ахиран аз сӯи ҳукумати Ҷумҳурии Чех мунташир шуд. Ин санадҳо барои аввалин бор аз зиндагии махфии Бабрак Кормал ва хонаводааш дар Чехославакия парда бардошта ва аз ҳодисаҳои пурхаму печи қабл аз расидани Бабрак Кормал ба қудрат дар Афғонистон ҳимоят мекунад.

Иттиҳоди Шӯравии собиқ баъд аз ишғоли Афғонистон дар соли 1979 Бабрак Кормалро ба ҳайси раиси ҷумҳури Афғонистон дар моҳи декабри ҳамон сол ба курсӣ нишонд. Ишғоле, ки роҳро барои чанд даҳаи ҷанг дар ин кишвар ҳамвор сохт. Бабрак Кормал ҳафт сол ҳукумат кард.

Суоли матраҳ ин аст, ки чаро Бабрак Кормал дар Чехославакия махфӣ буд?

Кормал дар моҳи июли соли 1978 ба ҳайси сафири Афғонистон ба Чехославакия омада буд. Чанд моҳ қабл аз он, коммунистҳо дар Афғонистон дар як табаддулоти хунин ба қудрат расида буданд. Бабрак Кормал, ки раҳбари яке аз ҷиноҳҳои чап буд, ба ҳайси муовини раҳбари ҳукумати коммунистӣ ё Ҳизби демократии халқи Афғонистон таъйин шуд, вале дере нагузашт, ки миёни ду ҷиноҳи рақиби ин ҳизб, яъне Халқ ва Парчам, ихтилоф ба миён омад.

Раиси ҷумҳури вақти Афғонистон Нурмуҳаммад Таракӣ поксозиро дар байни Ҳизби демократи халқ оғоз кард. Садҳо парчамӣ ва тарафдоронашон зиндонӣ ё кушта шуданд ва раҳбарони ҷиноҳи Парчам ба ҳайси сафирон ба кишварҳои дигар фиристода шуданд.

Кормал муддати кутоҳе баъд аз расиданаш ба Прага, нақшаи табаддулот бар зидди Таракиро тарҳрезӣ кард, вале ин нақша фош шуд. Вай дар оғози сентябр аз курсии сафорат барканор шуд ва дастури баргашти вай ба Афғонистон дода шуд, вале аз баргашт сар боз зад. Ин замоне буд, ки истихбороти Чехославакия ӯро фарди мавриди алоқа дид.

Бар асоси парвандаи истихбороти Чехославакия, Бабрак Кормал гуфта буд, ҷонаш дар хатар аст ва бо баргаштан ба Афғонистон, кушта хоҳад шуд. Ин изҳороти вай мақомҳои Чехославакияи пешинро дар ҳолати душвор қарор дод, зеро ҳукумати коммунистии Чехославакия аз режими коммунистии Таракӣ ҳимоят мекард, ки хоҳони боздошти Кормал буд.

Ҳизби бар сари қудрати коммунист дар Чехославакия бо фиристодани номае ба сафораташ дар Кобул гуфта буд, ки Бабрак Кормал бемории қалбӣ ва ниёз ба муолиҷаи давом дорад ва намешавад хости ӯро рад кард. Таракӣ бо дарёфти ин паём, бемории Кормалро дурӯғин хонд ва хоҳони ирсоли вай ба Афғонистон шуд, вале Кормал дар Чехославакия махфӣ шуд ва таҳти муҳофизати шадиди STB қарор дошт.

Бар асоси маълумоте, ки ахиран ифшо шуд, се тан барои куштани Кормал аз Кобул ба Чехославакия фиристода шуда буданд. Ҳатто гуфта шудааст, сафире, ки аз аз Кормал ба Прага фиристода шуда буд, аз ин масъала огоҳ буд ва вазифадор шуда буд, ки дар ин замина ҳамкорӣ кунад.

Бар асоси маълумот, се марди фиристодашуда барои қатли Кормал дар нақши як донишҷӯ, як тоҷир ва як сайёҳ ба Чехославакия омада буданд. Пулиси махфии Чехославакия таъқиб ва таҳқиқот дар мавриди ҳамаи афғонҳои сабтиномшуда дар ин кишварро оғоз кард ва ба Кормал ҳидоят дода шуд посткорд бинависад ва дар он бигӯяд Чехославакияро тарк мекунад. Ҳадафи фиристодани ин посткордҳо он буд, то сафорати Афғонистон онро бубинад.

Чанд рӯз баъд аз ҷобаҷойи Кормал дар як осоишгоҳ, STB ё Пулиси махфии Чехославакия маълумотеро дар мавриди се марде, ки барои қатли Кормал фиристода шуда буданд, ба даст овард, ки яке аз онҳо марди 40-сола бо тахаллуси Калаконӣ буд.

Гуфта шудаст Бабрак Кормал дар вақте, ки дар махфигоҳ ба сар мебурд, гоҳ-гоҳ барои қадам задан ба берун мерафт, фарзандонаш ба мактаб мерафтанд ва ҳамсараш Маҳбуба ҳам гоҳ-гоҳ бо вай дида мешуд ва зиндагии комилан оддӣ доштанд, вале таҳти назорати шадиди истихбороти Чехославакия буданд. Ин ҳам гуфта шудааст, ки Кормал бо фарде баландқомате бо номи Абдул ҳамеша дида мешуд, ки муҳофизаш буд.

Маргарита Ургасова, як корманди пешини осоишгоҳ, ки Кормал ва хонаводааш дар он ба сар мебурданд, мегӯяд, ин хонавода хеле ором, меҳрубон ва оддӣ буд. Ба гуфтаи ӯ, Кормал замоне барояш гуфта буд, орзу дорад мардуми Афғонистон ҳам зиндагии хуб монанди Чехославакия дошта бошанд, кудакони афғон ба мактаб бираванд ва иқтисод руш кунад.

Кормал ва хонаводааш баъд аз гузаронидани се моҳ дар ин осоишгоҳ дар як бӯстонсарое ҷобаҷо шуданд, ки дар гузашта аз сӯи артиши шӯравӣ истифода мешуд.

Вай дар ҳамин замон дар номае ба унвони Кумитаи марказии Ҳизби коммунисти Иттиҳоди Шӯравӣ, Нурмуҳаммад Таракӣ ва Ҳафизуллоҳ Аминро бинобар сиёсатҳояшон мавриди интиқоди шадид қарор дода буд ва аз Маскав хоста буд раҳоии ҳазорон зиндонии парчамӣ ва тарафдоронашонро яқинӣ созад.

Ин, ки Кормал чӣ вақт Чехославакияро тарк кард, маълум нест. Охирин номе, ки аз вай дар санадҳои истихборотии Чехославакия гирифта шудааст, декабри соли 1979 аст, вале хонаводаи вай то феврали соли 1980 дар ин кишвар буд.

Бабрак Кормал дар моҳи октябри соли 1979 ба таври ғайриқонунӣ вориди Афғонистон шуда, бо шуморе аз аъзои ҳизбаш тамос барқарор кард. Бар асоси маъмулоти маҳрамонаи КГБ, ки тавассути як ҷосуси фирории ин ниҳод ифшо шуд, Юрий Андропов, раиси КГБ дар таърихи даҳуми октябри соли 1979 иҷоза ёфт Кормалро аз Чехославакия ба Маскав бибарад.

Кормал ва шаш мақоми дигаре, ки баъдан аз раҳбарони Афғонистон буданд ва номҳояшон гирифта нашуд, дар моҳи ноябр ба Маскав бурда шуданд. Онҳо аз дувуми ноябр то дувоздаҳуми декабр дар Маскав буданд ва баъдан ба марзи Афғонистон мунтақил шуданд.

Дар 27-уми декабри соли 1979 нерӯҳои вижаи русӣ ва гурӯҳҳои КГБ биноҳои муҳими давлатӣ дар Кобулро гирифтанд ва Ҳафизуллоҳ Амин, раиси ҷумҳури Афғонистон ва хонаводаашро дар Қасри Тоҷбек куштанд.

Дервақти ҳамон шаб як паёми аз қабл сабтшудаи Бабрак Кормал аз Тошканд дар Радиои Кобул мунташир шуд, ки вай дар он гуфт, "имрӯз рӯзи шикасти мошини шиканҷаи Амин аст". Бабрак Кормал як рӯз баъд вориди Кобул шуд.

Дар соли 1986 Маскав доктор Наҷибуллоро, ки раиси Идораи истихбороти Афғонистон буд, ҷойгузини Бабрак Кормал кард.

Бабрак Кормал дар соли 1996 бар асари бемории саратони ҷигар дар шаҳри Маскава даргузашт ва ҷасади вай барои хоксупорӣ ба Афғонистон мунтақил шуд.