Ҷунайдулло Худоёров: "Ифшои камбудҳои мақомот маро паси панҷара бурд"

Браузери шумо HTML5-ро намешиносад

Ҷунайдулло Худоёров, яке аз фаъолони шабакаҳои иҷтимоӣ, баъди раҳоӣ аз маҳбас гуфт, танқидҳои пайваста аз кори мақомоти ноҳияи Рашт сабаби паси панҷара афтодани ӯ шудааст. Худоёров бо ҷурми ифротгароӣ тақрибан ду солро дар зиндон гузаронд ва рӯзи 28-уми октябр бар асоси қонуни афв озод гардид. Мақомот ӯро ба пайравӣ аз созмони дар Тоҷикистон мамнӯи салафия гунаҳкор карданд. Вай мегӯяд, аз аввал бо ин айб розӣ набуд.