Аз рӯи натоиҷи қуръакашии қаҳрамонии ҷаҳон-2019 миёни наврасони зери 17-сола, ки 11-уми июл дар қароргоҳи Федеросиюни байналмилалии футбол (FIFA) - Сюрихи Швейтсария - доир гардид, мунтахаби наврасони Тоҷикистон ба гурӯҳи «Е» дохил шуд ва рақибонаш дастаҳои мунтахаби Аргентина, Испания ва Камерун мебошанд.
Мусобиқоти ҳаждаҳуми қаҳрамонии ҷаҳон миёни наврасони зери 17-сола аз 26-уми октябр то 17-уми ноябри имсол дар чаҳор шаҳри Бразилия – Кариасика, Гама, Бразилиа ва Гояния - баргузор мешавад.
Мунтахаби Тоҷикистон бо раҳбарии сармураббӣ Зайниддин Раҳимов нахустин бозиашро дар қаҳрамонии ҷаҳон-2019 миёни наврасони зери 17-сола 28-уми октябр бо мунтахаби Камерун анҷом медиҳад. Футболбозони навраси тоҷик дар даври дувум 31-уми октябр бо ҳамсолонашон аз Испания рӯбарӯ мешаванд. Бозии охирини марҳилаи гурӯҳиро дастаи Тоҷикистон 3-юми ноябр бо мунтахаби Аргентина баргузор мекунад.
Ҳамаи бозиҳо бо иштироки дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон дар варзишгоҳи «Estаdio Klеber Andrade»-и шаҳри Кариасикаи Бразилия доир мегарданд.
Бар асоси қуръакашӣ 24 даста ба шаш гурӯҳи чаҳордастаӣ тақсим шудааст. Ба даври баъдии қаҳрамонии ҷаҳон-2019 миёни наврасони зери 17-сола аз ҳар гурӯҳ ду дастаи беҳтарин, инчунин чаҳор дастаи беҳтарини ҷойҳои сеюм роҳ пайдо мекунанд.
Натоиҷи қуръакашии қаҳрамонии ҷаҳон миёни наврасон-2019 (U-17):
Гурӯҳи «А»: Бразилия, Канада, Зеландияи Нав, Ангола.
Гурӯҳи «В»: Нигерия, Маҷористон, Эквадор, Австралия.
Гурӯҳи «С»: Кореяи Ҷанубӣ, Гаити, Фаронса, Чили.
Гурӯҳи «D»: ИМА, Сенегал, Ҷопон, Ҳолланд.
Гурӯҳи «Е»: Испания, Аргентина, Тоҷикистон, Камерун.
Гурӯҳи «F»: Ҷазираҳои Соломон, Италия, Парагвай, Мексика.
Тақвими бозиҳои гурӯҳи «Е»:
Даври 1-ум
28 октябр (душанбе)
Тоҷикистон – Камерун
Испания – Аргентина
Даври 2-юм
31 октябр (панҷшанбе)
Испания – Тоҷикистон
Камерун – Аргентина
Даври 3-юм
3 ноябр (якшанбе)
Аргентина – Тоҷикистон
Камерун – Испания