Аммо волидон аз он нигаронанд, ки бо вуҷуди ҳамаи талоши онҳо вазъи Абдулло тағйире намекунанд. Раҳима Маҳмадалиева мегӯяд, ҳар бор аз назди табибон бо феҳристи тӯлонӣ ва халтаи пур аз дору бармегардад, доруҳое, ки ба гуфтаи ӯ чандон асар надоранд ва гоҳе вазъи Абдуллоро бадтар мекунанд.
Браузери шумо HTML5-ро намешиносад
"Писари ман доим ноором аст. Барои ҳамин бо тавсияи духтурон ҳамеша доруҳои ба мисли неулептил, сибазон, сиклодол ва азалептол мехарам. Вақте ҳамин доруҳоро медиҳам, аслан таъсир намекунанд, ором намешавад. Неулептил ҳатто ба писари ман зарар ҳам карда буд, ки ҳангоми истеъмол аз ҳуш рафт ва ҳоло ман аз додани он даст кашидам",- мегӯяд Маҳмадалиева.
Ҳоло ӯ аз дорунома танҳо чандеро интихоб мекунад ва аз харидани бақия даст мекашад.
Мисли Раҳима Маҳмадалиева, дар Тоҷикистон бисёриҳо ҳам аз афзоиши доруҳои пастсифат ва ҳамкории табибон бо ширкатҳои дорусозӣ нигаронӣ мекунанд. Аксаран ҳоло ба ин боваранд, ки табибон ба хотири манфиати молии худ, доруҳои даркору нодаркорро ба корафтодаҳо тавсия медиҳанд, вале саломатии онҳоеро фикр намекунанд, ки ин доруҳоро мехӯранд.
Бо вуҷуди шикоятҳо дар Тоҷикистон ҳанӯз ба додгоҳ кашидани доруфурӯшҳои бемасъулият маъмул нашудааст. Дар беҳтарини ҳолат зарардидагон доруфурӯшро сари инсоф хондаанд, ки аз фурӯши доруҳои сохтаву қалбакӣ ва бесифат даст кашад, зеро ба савдо задани доруи бесифат вазъи саломатии беморонро бадтар мекунад.
Мақомот: "Ҳама чиз зери назорат аст"
Аммо мақомот мегӯянд, назорат ба воридоти дору дар кишвар ҷиддӣ аст ва талош мешавад, доруҳои қочоқиву бесифат ба фурӯш роҳ наёбад. Аслиддин Имомзода, мудири озмоишгоҳи марказии Хадамоти назорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ мегӯяд, озмоишгоҳи ин хадамот бо дастгоҳҳо ва лавозимоти муосир муҷаҳҳаз аст ва шароити ташхиси ҳар навъи доруро дорад. Сифати доруе, ки ба Тоҷикистон ворид мешавад, қабл аз расмияти гумрукӣ ҳатман ташхис мебинад ва дар сурати ҷавобгӯ набудани он ба стандарти давлатӣ, ба фурӯш иҷозат дода намешавад.
Ӯ мегӯяд, дар панҷ моҳи соли равон ҳудуди 11 ҳазор доруворӣ ва молҳои таъиноти тиббӣ аз ташхиси озмоишгоҳ гузашта, аз ин ҳисоб 106 адад барои мутобиқ набудан ба санадҳои меъёрӣ, аз муомилот гирифта шуд. Масъулон мегӯянд, номгӯи доруҳои аз муомилот бардошта шуда, нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта камтар аст. Чун ба таъкиди Имомзода, солҳои ахир соҳибкорон масъулияти бештаре доранд ва кӯшиш мекунанд мавқеи онҳо дар бозори фарматсевтӣ ҳифз шавад.
Ба гуфтаи Аслиддин Имомзода, "тамоми маҳсулоти фарматсевтӣ ва молҳои таъиноти тиббии воридотӣ ва ҳам ватанӣ аввал аз ташхиси озмоишгоҳӣ мегузаранд ва баъдан барои ба муомилот баровардан иҷозат дода мешавад. Аксари маводи ватанӣ ба меъёрҳо ҷавобгӯст, чунки дар тамоми марҳилаҳои истеҳсолӣ зери назорати масъулини хадамот қарор доранд".
Ин озмоишгоҳ на танҳо таркиби дорувор, балки тамғагузорӣ, борпечонӣ ва ороиши маҳсулоту тарҷумаи таркиби доруро низ назорат мекунад. Дар ҳоли ҳозир воридкунандаҳои асосии дорувор ба Тоҷикистон, кишварҳои Русия, Украина, Ҳиндустон ва кишварҳои Аврупои Шарқӣ аз ҷумла Венгрия, Полша, Словакая ва Германия гуфта мешаванд. Аммо баъзан тоҷирони тоҷик қисме аз доруҳои пастсифат ва бе сертификатро бо роҳҳои қочоқӣ аз Узбекистон ва қисман аз Чин ҳам ворид мекунанд.
Бар асоси омори расмӣ танҳо дар панҷ моҳи соли ҷорӣ беш аз 86 тонна доруи пастсифат, бесертификат ва муҳлаташ гузашта аз муомилот бардошта шудааст. "Нисбати 240 нафар парвандаи маъмурӣ тартиб дода шуда, беш аз 600 ҳазор сомонӣ ба буҷаи давлат ворид шудааст". Мақомот мегӯянд, бештари маводи қочоқиву бесифат дар вилояти Суғд ошкор шудааст.
Набуди рақобат дар бозори дорусозӣ
Аммо таҳлилгарон мегӯянд, набуди рақобат дар дорусозӣ дар Тоҷикистон, роҳҳои вуруди доруи қочоқӣ ва бесифатро дар кишвар ҳамвор мекунад. Мақомот мегӯянд, солҳои ахир саноати дорусозии кишвар рушд кардааст. Салим Абдулазизов, сардори раёсати фарматсия ва молҳои тиббии вазорати тандурустӣ дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, айни замон дар Тоҷикистон 36 корхонаи истеҳсоли дорувор фаъолият дорад. Аз ин теъдод 15 адад ба коркарди гиёҳҳои шифобахш машғул аст.
Ин масъули вазорати тандурустӣ мегӯяд, ҳамасола барои анҷоми корҳои мавсимӣ беш аз се ҳазор нафар ба ҷамъоварии гиёҳҳои шифобахш ҷалб мешаванд. Танҳо дар соли 2018 ба маблағи 60 миллион сомонӣ аз ин намуди масолеҳи доруворӣ ба хориҷи кишвар фурӯхта шудааст, ки бештари он ба Ҳиндустон рост меояд. Ин ҳамсӯҳбати мо набуди рақобат дар бозори дорусозии Тоҷикистонро рад намекунад, аммо мегӯяд, бояд ҳадафи аслӣ на танҳо истеҳсоли дору, балки рақобат бо корхонаҳои дорусозии хориҷӣ бошад.
Абдулазизов ба ин аст, ки солҳои ахир саноати дорусозӣ дар кишвар то андозае рушд кардааст ва бояд барои ин эътимоду бовари мардумро ба доруҳои ватанӣ афзун намуда, бозори истеҳсолкунандаи дохилиро ҳимоя кард. Вай гуфт, дар як соли ахир дар Тоҷикистон беш аз 25 миллион номгӯй доруҳои ватанӣ истеҳсол шуда, дар тамоми муассисаҳои тиббӣ истифода гаштааст.
"Ҳоло доруҳои истеҳсоли Тоҷикистон ба меъёрҳои Созмони ҷаҳонии тандурустӣ мутобиқ аст. Дар назар аст, дар соли 2019 дар Тоҷикистон бори аввал истеҳсоли сӯзандору барои инсулин ва системаро барои ворид кардани маҳлул ба бадани инсон ба роҳ монанд. Ҳамчунин имсол ду корхонаи бузурги дорусозӣ яке дар Душанбе бо маблағи 50 миллион сомонӣ ва дуюмӣ дар ноҳияи Ёвон ба кор оғоз мекунад. Ин корхонаҳо ҳангоми ворид кардани тамоми таҷҳизоти дорусозӣ аз тамоми андозҳо озод хоҳанд буд. Ин метавонад ба дубора рушд ёфтани истеҳсоли ватанӣ мусоидат кунад",- гуфт ӯ.
Чаро мардум ба доруҳои ватанӣ эътимод надоранд?
Аммо сокинон ба доруҳои истеҳсоли Тоҷикистон чандон таваҷҷуҳ надоранд ва кам истеъмол мекунанд. Ҷаҳонгир Давашаров, як сокини ноҳияи Шаҳритус, ки барои ташхис ва табобати наберааш ба пойтахт омадааст, гуфт, бештар талош мекунад, доруҳои истеҳсоли Русияро бихарад. Зеро ба гуфтаи ин ҳамсӯҳбати Радиои Озодӣ, "қимат беҳикмат нест", ман бисёртар доруҳои Русияро мехарам, чунки сифаташ хуб ва ба боварӣ аст. Дар худамон дору чандон зиёд нест, бисёртар гиёҳҳои шифобахш аст, вале сӯзандоруву ҳабҳо дар кишвари мо истеҳсол намешаванд”- афзуд ӯ.
Қонунҳои ҷорӣ дар Тоҷикистон барои воридоти доруҳои пастсифат ва қочоқӣ ҷазоҳои сахт, аз 2 то 4 ҳазор сомонӣ ҷарима ва аз 5 то 8 соли ҳабс пешбинӣ мекунанд. Аммо пизишкон мегӯянд, дору як тиҷорати сердаромад ҳисоб мешавад ва аз ин рӯ, ба ҷуз аз шахсони дорои иҷозати қонунӣ, бархе афроди дигар низ барои дарёфти пул бо роҳҳои қочоқӣ дору ворид карда, дар дӯконҳои наздикони худ ё тавассути табибони шинос ба савдо мезананд.
Ҳамкорӣ миёни табибон ва доруфурӯшон?
Вале масъулини дорухонаҳо мегӯянд, ҳеҷ гоҳ бо ширкатҳои ношиноси дорусозӣ ҳамкорӣ надоранд ва талош мекунанд барои мардум хизматрасонии босифатро ба роҳ монанд. Шарифа, фурӯшандаи дорухонае дар пойтахт гуфт, аксари маҳсулоти дорухонааш аз Русия аст. Ин ҳамсӯҳбати мо гуфт, "кӯшиш мекунем, ба корафтодаҳо бар асоси тавсияи духтурон ва рӯйхати навиштаи онҳо дору пешниҳод кунем. То имрӯз мо бо ҳеҷ фирма ё духтур ҳамкорӣ надорем".
Ба назари худи табибон, риоят ва иҷрои қонунҳо метавона бозори дохилии доруфурӯшии Тоҷикистонро ба танзим орад ва аз воридоти дорувори пастсифат эмин дорад. Як пизишки тоҷик гуфт, дар вазъи ҳозира роҳи аз ҳама содаи эҳтиёт аз хариду истеъмоли доруҳои пастсифат талаби сертификат аз фурӯшанда аст.
Аммо ба таъкиди табибони мусоҳибам, роҳи авлотари ҳимояти бозору сокинон аз дорувори пастсифату қалбакӣ, ба роҳ мондани истеҳсоли дору, ҳадди ақал, дорувору витаминҳои талаботашон тақрибан ҳаррӯза дар дохили кишвар аст.
Ба гуфтаи онҳо, Тоҷикистон барои ин шароити хубу созгор дорад. Табиати офтобии кишвар аз садҳо гиёҳҳои шифобахш бой аст, ки бархе аз онҳоро кишварҳои пешрафта харидорӣ ва дар дорусозӣ истифода мекунанд. Аммо дар ҳоли кунунӣ дар Тоҷикистон камтар аз 30 номгӯй нӯшдоруву ҳаб истеҳсол мешавад.
Бар асоси омори расмии мақомот, феълан дар кишвар ҳудуди 2500 дорухона фаъол ҳаст, ки 500 адади онҳо дар шаҳри Душанбе воқеъ мебошанд. Огоҳон мегӯянд, ҳамасола садҳо нафар риштаҳои дорусозиро хатм мекунанд ва ба хотири касби сердаромад буданаш кор дар дорухонаро бартарӣ медиҳанд.