Ҳавопаймои “Боинг 737 500”-и ин ширкат рӯзи 6-уми июн тақрибан 90 мусофирро аз Эрон ба Тоҷикистон овард ва даҳҳо мусофири дигарро аз Душанбе ба Машҳад бурд.
Дар миёни мусофироне, ки ба Эрон сафар карданд, аъзои тими мунтахаби футболи хурди Тоҷикистон ҳам буданд. Ин тим барои ширкат дар қаҳрамонии футзали Осиё ба шаҳри Табрези Эрон рафт.
Намояндагони ширкат мусофирони нахустин парвози худро аз Машҳад ба Душанбе ва ҳамин тавр аз Душанбе ба Машҳад бо гулу ширинӣ гусел кардаанд.
Абдуризо Муҳаммадӣ, намояндаи ширкати "Вориш Эйрлайнз" дар Тоҷикистон гуфт, нахустин парвози ҳавопаймои онҳо аз ҳар ду самт ғайриинтизор бо шумораи зиёди мусофирон анҷом шуд. “Интизор доштем, ки 40-50 нафар ҷамъ мешавад. Вале тақрибан 80 дарсади ҷойи нишаст пур шуд. Хеле истиқболи хуб аст. Ба ин тартиб ҳар ҳафта рӯзҳои панҷшанбе як парвоз мешавад”, -- шарҳ дод ӯ.
Браузери шумо HTML5-ро намешиносад
Мусофироне, ки бо ҳавопаймои ширкати “Вориш Эйрлайнз” аз Машҳад ба Душанбе расиданд, аз барқарор шудани парвозҳои мустақим миёни ду кишвар ибрози хушҳолӣ карданд.
Мусофирони нахустин парвози мустақим соҳибкорон, намояндаҳои корпусҳои дипломатӣ ва онҳое буданд, ки барои аёдати наздикони худ ба Эрон рафта буданд. Онҳо мегӯянд, ин парвоз харҷи сафарашонро то андозае кам кард.
Фарҳоди Иброҳимпур, шаҳрванди Эрон, гуфт, “бо вуҷуди ин ки ҳаво абрӣ буд, парвоз хеле хуб анҷом шуд. Дар соати муайяншуда ба мақсад расидем. Умедворем робитаҳо ҳар рӯз бештару хубтар шаванд. Мардуми мо бисёр мехоҳанд биёянд аз кишвари шумо дидан кунанд. Мо дӯсту бародар ҳастем.”
Оғози парвози ҳавопаймоҳои ширкати “Вориш Эйрлайнз” дар масири “Душанбе - Машҳад” дар ҳолест, ки ҳашт моҳи ахир дар ин хатсайр ягон парвози мустақим анҷом намешуд. Ба далели набуди парвози мустақим мусофирон аз Тоҷикистон тавассути кишварҳои дигар аз ҷумла Истанбули Туркия ва Дубай ба Эрон сафар мекарданд.
Маҳмадраҷаб Бойназаров, ки барои пешвози духтару набераҳояш ба фурудгоҳи Душанбе омада буд, гуфт, чанд моҳ пеш онҳо ба воситаи Туркия ба Эрон рафта буданд. “Бисёр мушкил буд. Аз инҷо ба Туркия ва аз он ҷо ба Эрон рафтанд. Харҷаш ҳам калон аст. Аз як тараф беш аз 400 доллар сарф карданд. Аз он тараф бо маблағи камтар ва бе азоб омаданд.”
Қаблан аз Тоҷикистон ба Эрон ҳафтае ду дафъа парвози ҳавопаймо сурат мегирифт. Ин парвозҳоро ҳавопаймҳои ширкати "Осмон Эйр"-и Эрон ва ширкати "Тоҷик Эйр" анҷом медоданд. Аммо ба таъкиди мақомот, ба далели иқтисодӣ, ин ширкатҳо, яке 8 ва дигаре панҷ моҳ қабл парвоз ба Эронро қатъ карданд.
Абдуризо Муҳаммадӣ, намояндаи “Вориш Эйрлайнз” дар Душанбе гуфт, 25 соли ахир худи ӯ ҳам яке аз мусофирони ҳавопаймоҳои масири Тоҷикистону Эрон буд. Пас аз қатъи ин парвозҳо ӯ тасмим гирифт, бо пешниҳоди барқарор кардани он ба мақомоти Тоҷикистон муроҷиат кунад. “Вақте парвозҳо қатъ шуданд мусофирон бо азоб баъд аз як рӯз ё 36 соат ба Тоҷикистон мерасиданд. Дар ҳоле ки парвоз аз Машҳад то Душанбе якуним соат аст. Барои ҳамин, ба ин фикр афтодем”, -- гуфт ӯ.
Ширкати ҳавопаймоии Эрон "Осмон Эйр" парвози ҳавопаймоҳояшро аз шаҳри Машҳади Эрон ба пойтахти Тоҷикистон моҳи сентябр дар ҳоле қатъ кард, ки ду кишвар муносибати чандон хуб надоштанд ва бархе ҳам он замон гуфтанд, як сабаби қатъи парвози ҳавопаймоҳои "Осмон Эйр" тамдид нашудани парвона ё муҷаввизи фаъолияти ширкат дар Тоҷикистон аст.
Аммо ҷониби Эрон ва ҳам Тоҷикистон иллати қатъи парвозҳоро иқтисодӣ хонданд. Азиз Набизода, муовини раиси Оҷонсии авиатсияи граждании Тоҷикистон ҳам дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, "парвозҳоро мо қатъ накардем, тарафи Тоҷикистон қатъ накард, онҳо худашон ба ҳамин хулоса омаданд, ки мушкилоти молӣ доранд".
Мусофирони нахустини парвози мустақим дар хатсайри Машҳад - Душанбе барқарор шудани парвозҳо ба Эронро фоли нек дар самти беҳтар шудани равобити ду кишвар меноманд.
Ширкати "Вориш Эйрлайнз", ки ба ҷойи "Осмон Эйр" ба ҳарими ҳавоии Тоҷикистон ворид шудааст, як ширкати хусусии Эрон аст, ки тоза ба кор оғоз кардааст.
Парвоз дар масири Машҳад-Душанбе-Машҳад ҳам нахустин парвози ҳавопаймҳои ин ширкат ба хориҷи Эрон будааст. Нархи билет барои як тараф 250 доллар ва барои ду тараф 350 доллар арзиш доштааст.