Ҷомеаи ҷаҳонӣ саркӯби эътирозгарон дар Судонро маҳкум кард

Дар пайи ҳамлаи нерӯҳои низомӣ ва амниятӣ ба мухолифон дар хиёбонҳои Хартум -- пойтахти Судон дар рӯзи душанбе, ки беш аз 35 нафар кушта ба ҷой гузошт, СММ, Иттиҳодияи Аврупо ва ИМА аз истифодаи нерӯ алайҳи эътирозгарон интиқод кардаанд.

Мухолифон мегӯянд, нерӯҳои амниятӣ ва низомии Судон ба маҳали таҷаммӯи эътирозгарон дар шаҳри Хартум юриш бурда ва хаймаҳои онҳоро оташ заданд ва ба сӯи онҳо тирандозӣ намуданд.

Манбаъҳо дар бемористонҳои пойтахти Судон мегӯянд, дар ин даргириҳо ҳадди ақал 35 нафар кушта шуда ва садҳо тани дигар захм бардоштаанд. Тибқи бархе гузоришҳо, нерӯҳои амниятӣ дар як бемористон ба сӯи мухолифон оташ кушодаанд.

Антонио Гутерриш, дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид хушунат алайҳи эътирозгарон дар Судонро маҳкум карда ва хостори таҳқиқоти мустақил дар ин бора шудааст. Дабири кулли СММ дар баёнияе аз гузоришҳо дар бораи тирандозии нерӯҳои пулис дар як бемористони Хартум ибрози нигаронӣ кардааст.

Бекор кардани ҳама тавофуқ бо эътирозгарон

Генерал Абдуфаттоҳ Абдураҳмон Бурҳон, раҳбари Шӯрои низомии Судон субҳи душанбе мухолифонро ба оғоз кардани даргириҳо муттаҳам кард ва гуфт, онҳо дар пайи ҳазфи гурӯҳҳои иҷтимоӣ аз ҳукумати интиқолӣ буданд. Генерал Абдулфаттоҳ Абдураҳмон Бурҳон изофа кард, "ҳамаи созишҳое, ки бо эътирозгарон ҳосил шуда буд, лағв мешаванд ва интихобот тайи ҳафтаи оянда баргузор хоҳад шуд".

Эътирозгарон ва гурӯҳҳои мухолиф пас аз тазоҳуроти густурда тавонистанд Умар Ал-Баширро маҷбур кунад, ки аз мақоми президентӣ канор равад. Аммо эътирозгарон пас аз ин муваффақият, ба тазоҳуроти худ дар хиёбонҳо идома доданд ва аз низомиён хостанд, то ба пойгоҳҳои худ бозгарданд. Онҳо хостори интиқоли қудрат аз низомиён ба як ҳукумати ғайринизомӣ ва мунтахаб ҳастанд.

Муҳаммад Юсуф Ал-Мустафо, сухангӯи яке аз аҳзоби мухолифи Судон гуфтааст, "ин нуқтаи ниҳоят ҳассос дар инқилоби мост. Шӯрои низомӣ тасмим ба рӯёрӯӣ ва даргирӣ гирифтааст". Муҳаммад Юсуф Ал-Мустафо дар идома гуфт, "онҳо ҷинояткоранд ва бояд монанди Умар Ал-Башир бо онҳо бархӯрд шавад. Ҳоло вазъият ба ҷое расидааст, ки ё онҳо ё мо, роҳи дигаре вуҷуд надорад".

Вокунишҳои байналмилалӣ

Ҷон Болтон, мушовири амнияти миллии президент Доналд Трамп дар "Твиттер"-и худ навиштааст, "ҳамлаи хушунатбори нерӯҳои амниятии Судон ба тазоҳуркунандагон, ки даст ба эътирози мусолиматомез задаанд, амали бисёр баде буд". Мушовири амнияти миллии Кохи Сафед аз Шӯрои низомии Судон хост ба ҳаққи мухолифон барои тазоҳуроти сулҳомез эҳтиром бигузорад.

Иттиҳодияи Аврупо ҳам дар баёнияе ин хушунатҳоро маҳкум карда ва хостори хештандории Шӯрои низомии Судон шуд ва аз ин Шӯро хостааст ба ҳуқуқи тазоҳуркунандагон эҳтиром бигузорад.

Як сухангӯи Шӯрои низомии ҳоким рӯзи душанбе гуфта буд, ҳадафи аслии амалиёти нерӯҳои амниятӣ, минтақае дар атрофи ҷои эътирозҳо буд, ки бинобар қонуншиканиҳо, мушкилофар шудааст. Ба гуфтаи ӯ, сабаби даргириҳо, ҳаракати иддае аз мардум аз ин нуқта ба маҳали асосии эътирозҳо будааст.

Ихтилофи аслии эътирозгарон ва Шӯрои низомии ҳоким дар Судон, бар сари таркиб ва раёсати шӯрое аст, ки қарор аст дар давраи интиқолӣ кишварро идора кунад ва олирутбаҳои артиш ҳозир нестанд қудратро вогузор кунанд.