Финляндия ва Канада дар финали қаҳрамонии ҳоккейи ҷаҳон

Акс аз бойгонӣ

Дастаҳои мунтахаби Финляндия ва Канада ба финали мусобиқоти қаҳрамонии ҷаҳон оид ба ҳоккей, ки шоми имрӯз, 26-уми май, дар Словакия ба поён мерасад, роҳ пайдо карданд.

Дар нимфинал, ки рӯзи шанбеи 25-уми май дар шаҳри Братислава доир гардид, мунтахаби Финляндия бар мунтахаби Русия бо ҳисоби 1:0 пирӯз шуд. Голи ягонаро Марко Анттила (50:18) ба самар расонид.

Дар бозии дигари ниманиҳоӣ дар Братислава мунтахаби Канада мунтахаби Ҷумҳурии Чехро бо ҳисоби 5:1 шикаст дод. Голҳоро Марк Стоун, Дарнелл Нурс, Пйер-Люк Дюбуа, Кайл Туррис ва Тома Шабо (Канада) ва Томаш Зогорна (Ҷумҳурии Чех) заданд.

Ба ин тартиб, дар бозии ниҳоӣ, ки шаби якшанбеи 26-уми май дар Братислава баргузор мешавад, мунтахаби Канада бо мунтахаби Финляндия рақобат мекунад. Бозии ниҳоӣ соати 23:15 ба вақти Душанбе шуруъ мешавад.

Пеш аз финал, дастаҳои мунтахаби Русия ва Ҷумҳурии Чех барои ҷойи сеюм мубориза мебаранд. Ин бозӣ соати 18:45 ба вақти Душанбе оғоз меёбад.

Ёдовар мешавем, ки нахуст марҳилаи гурӯҳии қаҳрамонии ҷаҳон-2019 бо ширкати 16 даста дар ду гурӯҳ баргузор шуд. Чаҳор дастаи пешсафи гурӯҳи “А” – Канада, Финляндия, Олмон ва Иёлоти Муттаҳидаи Амрико ва чаҳор дастаи пешсафи гурӯҳи “В” – Русия, Ҷумҳурии Чех, Шветсия ва Швейтсария - ба даври чорякниҳоӣ роҳ пайдо карданд.

Дар чорякфинал, ки рӯзи панҷшанбеи 23-юми май баргузор шуд, Русия бар Иёлоти Муттаҳидаи Амрико бо ҳисоби 4:3, Канада бар Швейтсария бо ҳисоби 3:2, Ҷумҳурии Чех бар Олмон бо ҳисоби 5:1 ва Финляндия бар Шветсия бо ҳисоби 5:4 пирӯз шуданд.

Ҳамин тариқ, чаҳор дастаи мунтахаб – Русия, Канада, Ҷумҳурии Чех ва Финляндия - ба даври ниманиҳоии мусобиқоти қаҳрамонии ҷаҳон баромаданд. Дар нимфинал рӯзи шанбеи 25-уми май Финляндия бар Русия бо ҳисоби 1:0 ва Канада бар Ҷумҳурии Чех бо ҳисоби 5:1 ғолиб омаданд.