Мегӯяд, барои дарёфти нишоне аз писари 14-солааш тамоми минтақаҳои Тоҷикистон, аз Хатлон то Бадахшон ва аз Ҳисор то Суғдро ба танҳоӣ тай кард. Ин модар тамоми сардхонаҳоро гаштааст ва гоҳе то 6 рӯз ҳам пиёда роҳ рафтааст.
"Ягон гӯшае намонд, ки дар суроғи фарзанд ба он сар назада бошам. Мактубу муроҷиатҳоям ба ниҳодҳои давлатӣ ба манзури дарёфти писарам қариб ба як китоб табдил ёфтааст, аммо ҳама бенатиҷа", -- нақл кард ӯ.
Гулистон 3 фарзандро танҳо бузург кардааст. Писари хурдиаш Орзуи 14-сола субҳи барвақти моҳи августи соли 2017 барои чанд дақиқа аз хона берун шуда, бо ҳамин бенишон шудааст: "Ҳамон субҳ хесту гуфт, гуруснаам. Баъди панҷ дақиқа шир пухта, дар рӯи дастархон мондам. Дидам, ки бача нест. Кофтам, вале то ҳол наёфтам."
Аз он лаҳза сахтии рӯзгор ва ҷустуҷӯи ҳаррӯзаи фарзанд барои Гулистон шуруъ шуд. Дар ин ду сол, ба гуфтаи Гулистон, аз тамоми ниҳодҳои масъул фақат як посух мегирад, “ҷустуҷӯ идома дорад”, аммо дар тамоми ин муддат ягон ному нишоне аз писари Гулистон ёфт нашудааст.
Меҳрона Ҳафтодова, хоҳари Орзуи гумшуда дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, “хоҳиш мекунем ҷустуҷӯ кунанд додари маро. Вай беш аз якунимсол аст, ки нест. Ӯ саг нест, ки мо гум карда бошему наёбанд. Мо худамон ҳама корро кардем, ҳама ҷоро кофтем, ягон хабар нест. Милисаҳо фақат аз мо забонхат мегиранд, тамом.”
Браузери шумо HTML5-ро намешиносад
Мисли Гулистон дар Тоҷикистон имрӯз даҳҳо модару хоҳар, моҳу солҳоро дар орзуи дарёфти ному нишоне аз фарзандони бенишони худ ҳастанд. Мавзӯи гум шудани кӯдакон ва кӯдакрабоӣ дар кишвар ҳарчӣ бештар доғ мешавад. Нашри пайвастаи эълон дар шабакаҳои иҷтимоӣ ва хиёбонҳо, аз гум шудани кӯдакон дарак медиҳанд.
Дар соли 2018, ба гуфтаи мақомоти Вазорати умури дохилӣ, дар Тоҷикистон 235 кӯдак гум шуда, мавриди ҷустуҷӯ қарор гирифтааст.
Маъруфтарин қазия гум шудани Малика ва Сабина Араловаҳо аст, ки бо гузашти шаш сол ҳеч нишоне аз зинда ё мурда будани онҳо нест. Малика ва Сабина Араловаҳо рӯзи 25-уми марти соли 2013, замоне ки аввалӣ 5 ва дувумӣ 4.5 сол доштанд, аз назди хонаашон дар атрофи фурӯшгоҳи “Садбарг” дар Душанбе гум шуданд. Ин ҳодиса ҷомеаи Тоҷикистонро шигифтзада кард ва як гурӯҳи сокинон ба унвони ёрӣ ба ин хонавода аксу хабари гум шуданашонро дар кӯчаҳо нашр ва паҳн карданд. Ҳатто раиси ҷумҳури Тоҷикистон аз ҳодисаи нопадидшавии Малика ва Сабина изҳори нигаронӣ карда, ин ҳодисаро “ҷинояти доғдоркунандаи миллат” унвон карда буд.
Аммо ҷустуҷӯи мақомот ва ҳам хонаводаи Малика ва Сабина дар ин 6 сол бенатиҷа анҷом ёфт.
Очилдӣ Аралов, бобои Малика ва Сабина Араловаҳо, дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, онҳо дар ин муддат тамоми корро барои пайдо кардани кӯдаконашон анҷом доданд. “Падару модарашон ба Маскав рафтанд. Ду дафъа экстарсенс оварданд, онҳо ба минтақаҳо рафтанд, вале ягон натиҷа надод”, -- гуфт ӯ.
Умеди хонаводаи Араловаҳо барои пайдо кардани фарзандони худ чандон қавӣ нест, аммо ҳанӯз ҳаст.
Мавзӯи нопадид шудани кӯдакон 7 моҳ пеш дар ҷаласае дар порлумони Тоҷикистон аз ҷониби вакилон ба баррасӣ кашида шуд. Ҳилолбӣ Қурбонзода, вакили тоҷик он замон гуфта буд, “тариқи телевизион барномаҳои Вазорати корҳои дохилиро мебинем, рӯзе нест, ки ягон нафар ноболиғ гум нашуда бошад.”
Аммо масъулони Вазорати умури дохилӣ мегӯянд, ҳодисаҳои пайдо нашудани кӯдакон кам аст. Ба гуфтаи як масъули ин ниҳод дар аксар ҳолат ба ҷуз аз ҳодисаи нопадид шудани Малика ва сабина Араловаҳо, атфолу наврасони нопадидшуда баъди чанд рӯз ё чанд ҳафта пайдо карда мешаванд.
Мақомот дар гум шудани кӯдакон дар навбати аввал худи волидайнро муқассир медонанд, ки ба фарзандони худ аҳамият намедиҳанд.
Вале коршиносон мегӯянд, гум шудани кӯдакон ва ҳамин тавр пайдо нашудани онҳо суолҳои зиёдеро боқӣ мегузорад, ки бояд мақомоти интизомӣ ба он посух бидиҳанд.
Гулистон Ҳафтодова ҳам, ки бо гузашти тақрибан ду сол аз нопадид шудани писараш ҷустуҷӯи ӯро ба танҳоӣ идома медиҳад, пайваста ба як суол посух меҷӯяд. "Оё имкон дорад як одам чунон беному нишон шавад, ки гӯё аслан дар рӯйи замин набуд." Ӯ ҳоло фақат як орзу дорад, ки нишоне аз Орзуи бенишонашро пайдо кунад.