Мақомоти ноҳияи Нуробод хабарҳои марбут ба баста шудани масҷидҳоро рад карданд, аммо бархе аз сокинон мегӯянд, "дар ҳақиқат намози ҷумъа дар чанд масҷид баргузор нашуд".
Сафари мо ҳам аз масҷиди ҷомеи маркази нави ноҳияи Нуробод оғоз ёфт. Дар ин масҷид, ки аз як бинои якошёна иборат аст, ҳар ҳафта беш аз ҳазор нафар барои адои намози ҷумъа меоянд. Сокинони минтақа ёд надоранд, ки боре инҷо намози ҷумъа бекор шуда ё ба таъхир афтодааст. Ба ҷуз аз як ҳафтаи пеш, ки ба иддаои бархе аз сокинони минтақа, натавонистаанд намози ҷумъаро дар масҷид бихонанд. Сомонаи "Ахбор" навишт, рӯзи 26 апрел на танҳо масҷидҳои маркази ноҳия, балки дар масҷидҳои деҳоти Нуробод низ намоз баргузор нагашт.
2 май, дар ҳоле ки ин гузориш омода мешуд, сархатиби ноҳияи Нуробод Изомиддин Абдулҳайзода дар як видео хабарҳои нашршуда дар бораи манъи намози ҷумъа дар масҷидҳои ин ноҳияро "иғво" хонда, рад кард.
Вале дар сӯҳбат бо мо чанд сокини атрофи масҷиди маркази ноҳия гуфтанд, 26 апрел, чанд дақиқа пеш аз оғози намоз имомхатиб бо як эълон намозро лағв кард ва ҳамаро ҷавоб дод.
Гузориши видеоӣ дар инҷост:
Браузери шумо HTML5-ро намешиносад
Аммо чанде аз онҳо аз сӯҳбат дар ин мавзӯъ дар рӯбарӯи дурбин худдорӣ карданд. Раҳим Ҳақназаров, сокини як деҳа дар маркази кӯҳнаи ноҳия гуфт: "Рости гап, як-ду рӯз манъ шуд ва ҳозир, шукри Худо, дари ҳамаи масҷидҳо боз аст. Сабаби инро мо напурсидем."
Дар сӯҳбатҳои бидуни сабт бархе аз сокинон гуфтанд, имомхатиби масҷид пас аз як занги телефонӣ, пеш аз оғози намоз, эълон кардааст, ки нақшаи навбатии даъвати ҷавонон ба артиш иҷро нашудааст ва то замони иҷрои пурраи он намоз дар масҷид манъ аст. Сокинон ҳам мегӯянд, даъвати ҷавонон ба артиш мунтазам дар масҷидҳо садо медиҳад.
Олимҷон, ки худаш дар намози ҷумъаи масҷиди маркази ноҳия набудааст ва аз баргузор нашудани он изҳори бехабарӣ кард, гуфт, “ҳеч чиз эълон накарданд. Фақат гуфтанд, ки ҷавононро ба сафи артиш равон кунед. Дар ҳар намози ҷумъа хатиби масҷид эълон мекунад, ки мардум бояд фарзандонашонро барои хизмати ватан фиристанд."
Сӯҳбат бо имомхатиби масҷиди маркази ноҳия, ба номи Домулло Файзулло, нафаре, ки ба гуфтаи сокинон ҳамаи ҷамъомадагонро аз масҷид ҷавоб додааст, муяссар нашуд. Аммо мақомоти ноҳияи Нуробод бо нигаронӣ сару садоҳои лағв шудани намози ҷумъаро рад карда, гуфтанд, "фақат ба хотири ҷилавгирӣ аз як офати тибиӣ намоз ба таъхир гузошта шуд."
Эраҷ Зафаров, мудири шуъбаи дин, анъана ва ҷашну маросими миллӣ дар ҳукумати ноҳияи Нуробод, рӯзи 2 май ба Радиои Озодӣ гуфт, касе ба манъи намозу бастани масҷидҳо дастур надодааст ва "чунин коре ҳам набуд". "Ҳамон рузи ҷумъа бориши зиёд буд, сел омад. Дар наздикии маҳалла дарё аст. Сел, ки омад мардум худашон аз қафои ҳамин масъала баромада рафтанд," -- гуфт ӯ.
Дар 105 деҳаи ноҳияи Нуробод, ба иттилои мақомот, 40 масҷиди панҷвақта ва 4 масҷиди ҷомеъ фаъол аст. Масҷидҳо ҷойи асосии ҷамъомади сокинон дар деҳоти ноҳия аст ва масъулон пинҳон намедоранд, ки барои тарғибу ташвиқ аксаран аз минбари масҷидҳо истифода мешавад.
Эраҷ Зафаров гуфт: "Корҳои тарғиботиро барои ҷалби духтарон ба таҳсил, пешгирӣ аз гароиши ҷавонон ба терроризму ифротгароӣ дар масҷидҳо пеш мебарем. Дар ин ҷо марказҳои ҷамъиятӣ ва тарабхонаҳо нест. Бештари мардум дар масҷид ҷамъ мешаванд. Агар зарур шавад, дар масҷидҳо имконияти худро истифода мебарем."
Ба гуфтаи мақомот, ҳоло ҳамаи масҷидҳои ноҳия пурра фаъоланд. Нақшаи даъвати ҳарбӣ ҳам дар ноҳия пас аз садоҳо атрофи манъи намози ҷумъа, рӯзи 30 юми апрел, пурра иҷро шудааст. Мақомот мегӯянд, "имсол нақша бештар аз меъёри муайяншуда, яъне 104 дар сад пур шудааст". Мақомоти ин ноҳия ҳам мегӯянд, "солҳои ахир сафи ҷавононе, ки доталабона ба артиш мераванд, афзудааст".
Даъвати баҳории ҷавонон ба артиш рӯзи 1-уми апрел оғоз шуд ва то охири моҳи май идома мекунад. Зоҳиран ин мавсими даъват бо фарқ аз мавсимҳои қаблӣ танҳо бо "облава" ё ҷалби маҷбурии ҷавонон ба артиш маҳдуд нашуд. Ду ҳафта пеш як гуруҳ аз сокинони шаҳри Исфара шикоят карданд, ки волидони онҳоро мақомоти қудратӣ бо худ бурда ва шарт гузоштаанд, ки танҳо баъди аз муҳоҷират баргаштани фарзандон озод мешаванд.
Даъвати ҷавонон ба сарбозӣ яке аз масъалаҳои доғи ҷомеаи Тоҷикистон аст. Коршиносон мегӯянд, агар хидмат дар артиш барои ҷавонони даврони Шӯравӣ "муд" буд, ҳоло ба як дардисар табдил ёфтааст.
Бо он ки мақомот шеваи нави ҷалби ҷавонон аз роҳи таъсиргузорӣ ба кори масҷидҳоро рад мекунанд, бархе аз сокинони пиронсол ва ҳам таҳлилгарон истифода аз шеваҳоеро мисли манъи намозгузорӣ ва иҷрои як фарзи динӣ нодуруст ва нигаронкунанда мехонанд. Намози ҷумъа барои мусалмонон фарз дониста мешавад.
Сокинони Нуробод ҳам, ки мардуми суннатӣ ҳастанд, умедворанд, дигар ягон ҳодиса, ба вижа офатҳои табиӣ, монеъи адои намози онҳо намешавад.