Болоравии нархи гӯшт ва маҳсулоти дигар дар остонаи моҳи Рамазон

Браузери шумо HTML5-ро намешиносад

Камчин шудан ва боло рафтани қимати гӯшт дар бозорҳои шаҳри Душанбе дар остонаи моҳи Рамазон аксар сокинони кишварро нигарон кардааст. Нархи як кило гӯшт дар 3 рӯзи ахир аз 40 то ба 45 сомонӣ расид. Дар баъзе аз дӯконҳо гӯшти сифаташ хуб бо арзиши 50 сомонӣ фурӯхта мешавад.