"Тоҷик Эйр" ҳамоно натавонист, "аз замин бархезад". Акнун чӣ хоҳад шуд?

Ҳавопаймои "Боинг"-и ширкати "Тоҷик Эйр".

Ширкати "Тоҷик Эйр" бо гузашти се моҳ аз қатъи кораш натавонист дубора ҳавопаймоҳояшро ба парвоз дарорад. Маъмурияти ширкат эълон карда буд, ки рӯзи 31-уми март парвози ҳавопаймоҳо дубора оғоз мешавад.

Ҳавопаймои Боинг-757-и "Тоҷик Эйр" қарор буд пас аз се моҳи қатъи парвозҳо, дубора ба ҳаво хезад ва мусофиронро аз Душанбе ба Маскав барад. Парвози ҳавопаймоҳои "Тоҷик Эйр" аз 4-уми январ инҷониб қатъ шуданд. Далели қатъи парвозҳоро ширкат ба мушкили молӣ рабт дод.

Бо вуҷуди дархости кумак кардани мудирон, ки тақрибан ҳар ду сол иваз мешаванд, "Тоҷик эйр" кумаки қобили мулоҳизае аз давлат дарёфт накард.

Дар маъмурияти "Тоҷик Эйр" рӯзи 4-уми апрел дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфтанд, парвозҳо шурӯъ нашуданд ва ҳанӯз маълум нест кай оғоз мешаванд. Дар ширкат сабаби таъхирро шарҳ надоданд.

Пурсуҷӯ нишон дод, ки дар фурӯшгоҳҳо билетҳои "Тоҷик Эйр" дар фурӯш нестанд. Ҳол он ки ҳадди ақал то 15 рӯзи оғози рӯзи парвоз, ширкатҳо аллакай билетро ба фурӯш мебароранд.

Ҳадди ақал се корманди ширкати "Тоҷик эйр" дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфтанд, ки аз моҳи январ инҷониб дар рухсатии меҳнатии бемузд қарор доранд ва ширкат ҳанӯз онҳоро бозхонд накардааст.

Браузери шумо HTML5-ро намешиносад

Чаро ҳавопаймоҳои "Тоҷикэйр" парвоз накарданд?

Бо ин ҳол сарнавишти "Тоҷик эйр" норушан мемонад ва бархе аз нозирони вазъ мегӯянд, ба ҳаво барнахостани ҳавопаймоҳои он роҳро ба варшикастагӣ ва нобудии ширкати миллии кишвар наздиктар мекунад. Ба гуфтаи онҳо, давлат барои наҷоти он талош ва иродаи зарурӣ нишон надод.

"Тоҷик эйр" -- фарзанди угай?

"Тоҷик эйр" ягона ширкати ҳавопайоии давлатии Тоҷикистон аст. Аммо ба назар мерсад муносибати давлат ба ин ширкат мисли "фарзанди угай" аст. Бо вуҷуди дархости кумак кардани мудирон, ки тақрибан ҳар ду сол иваз мешаванд, "Тоҷик эйр" кумаки қобили мулоҳизае аз давлат дарёфт накард.

Хайрулло Раҳимов, роҳбари собиқи ширкати "Тоҷик эйр" ҳанӯз ду сол қабл аз вуҷуди як рақобати носолим шиква карда, гуфта буд, ки агар давлат имтиёз надиҳад, ширкати миллӣ тавони рақобатро аз даст медиҳад.

Хайрулло Раҳимов, роҳбари собиқи "Тоҷик эйр".

Раҳимов арз карда буд, ки ширкатҳои ҳавопаймоии хориҷӣ дар фурудгоҳҳои асосиашон бо 50 фисад тахфиф амал мекунанд, аммо "Тоҷик эйр" ҳам дар 14 фурудгоҳи хориҷие, ки парвоз мекунад ва ҳам дар дохили кишвар сад дарсади нархро мепардозад. "Ҳатто ширкатҳои хориҷӣ дар пардохти ҳаққи Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе 50 дарсад тахфиф доранд, вале "Тоҷик эйр" не".

Мудири собиқ аз ягона ширкати таъминоти сӯзишворӣ низ гила карда ва гуфта буд, "Тоҷик эйр" дар хариди сӯзишворӣ низ сабукие надорад ва ҳоло танҳо дар фурудгоҳҳои хориҷӣ сӯзишворӣ мехарад.

Ғуфрон Ваҳҳобов, таҳлилгари тоҷик, ки бозори нақлиёти ҳавоиро дар Тоҷикистон тадқиқ кардааст, мегӯяд, баъд аз оне ки бо талаби созмонҳои байналмилалӣ ҳукумат сохтори “Тоҷик эйр”-ро се пора кард, вазъи молиявии ширкат дигар беҳ нашуд.

"Қаблан фурудгоҳ, хадамоти аэронавигатсия, хӯрокворӣ ҳам тобеи "Тоҷик эйр" буданд. Баъдан талаби созмонҳои байнамилалӣ гуфта, фурудгоҳ, аэронавигатсия ва хадамоти дигар аз зери тобеияти "Тоҷик эйр" бароварда шуда, мустақил шуданд. Ман мефаҳмам, ки ин талаботи иқтисоди бозор аст ва дар дигар кишварҳо низ фурудгоҳу дигар хадамот мустақиланд. Вале пас аз ин реформа давлат мебоист "Тоҷик эйр"-ро сарпарастӣ мекард. Пас аз чунин тақсимот бе ёрдами давлат ин ширкат фаъолият карда наметавонист",-гуфт Ваҳобов.

"Амри муваққатӣ" ба дарозо кашид

Аввали сол чун "Тоҷик эйр" аз парвоз монд, "Сомон эйр" парвозҳои ин ширкатро ба шаҳрҳои Русия анҷом медиҳад. Гуфта мешуд, ин амри муваққатист. Аммо таваққуфи "Тоҷик эйр" тул мекашаду қисмати пурдаромад ва ба истилоҳ равғанини бозори мусофиркашонии Тоҷикистон - мусофиркашонӣ ба шаҳрҳои Русия дар оғози мавсими муҳоҷират дар дасти "Сомон эйр" аст.

Футуҳоти "Сомон эйр" дар бозори ҳавопаймоии Тоҷикистон дар ҳолест, ки ҷустуҷӯҳои Радио Озодӣ нишон доданд, ин ширкат ба афроди пурнуфуз ва наздик ба хонаводаи рақами як дар Тоҷикистон тааллуқ дорад.

Мувофиқи санадҳои Феҳрасти ягонаи шахсони ҳуқуқӣ манфиатбардори "Сомон эйр" ширкати "СDH investment LTD" аст. Тибқи санадҳое, ки Додгоҳи адлияи шоҳигарии Бритониё дар Лондон пас аз баррасии шикояти ширкати "Талко"-и Тоҷикистон зидди корхонаи "Ансол"-и Аваз Назаров дар соли 2008 ошкор кардааст, СDH investment LTD як ширкати офшориест, ки дар ҷазираҳои Вирҷинияи Бритониё сабти ном шудааст. Додгоҳ ин ширкатро ба Ҳасан Асадуллозода, раиси "Ориёнбонк" ва додарарӯси президент Эмомалӣ Раҳмон марбут донистааст.

Аз ин санадҳо бармеояд, ки ин ширкати офшор як коршарики корхонаи давлатии тавлиди аллюминиюми Тоҷикистон "Талко" буда, аз муомилаҳои моливии "Талко" бо ширкатҳои дигар ҳангоми хариди ашёи хом ва ё фурӯши аллюминий фоида мебардоштааст.

"Бархурди манфиатҳо" миёни "Тоҷик эйр" ва "Сомон эйр"?

Cотим Умаров, иқтисоддони тоҷик, ки дар яке аз созмонҳои байналмилалии молиявӣ фаъолият мекунад, мегӯяд дар миёни ду ширкати ҳавопаймоии Тоҷикистон "бархуди манфиатҳо" бармало зоҳир мешавад.

"Ба муфлисшавӣ наздик шудани "Тоҷик эйр"- ширкате бо собиқаи беш аз ним асра дар пасманзари "Сомон эйр", ки 11 сол пеш бунёд шудаст, як мисоли рушан ва классики ҳукмронии "клепторактия" аст. Яъне, манфиатҳои шахсони алоҳида аз манфиати умумии давлат боло гузошта мешавад. Ин гуна ҳолат танҳо дар давлатҳое мисли Тоҷикистон, ки низоми мустақили судӣ надоранд ва қонун дар баробари афроди пурнуфуз оҷиз аст, имконпазир мебошад",-иброз дошт ӯ.

Дар Тоҷикистон ду ширкати ҳавопаймоӣ -- "Сомон эйр" ва "Тоҷик эйр" – дар маҷмӯъ 10 ҳавопаймои мусофирбар доранд. Ҳамзамон, ба Тоҷикистон ҳудуди 15 ширкати ҳавопаймоии хориҷӣ парвоз анҷом медиҳанд.