Вазорати умури дохилии Тоҷикистон як корманди милисаро барои латукӯби як зан дар рӯзи рӯшан, аз кор барканор кардааст. Ҳамчунин раҳбарияи Воҳиди махсуси ин вазоратхона "барои дуруст ба роҳ нагузоштани корҳои интизоми-тарбиявӣ дар байни ҳайати шахсӣ", ба ҷазоҳои гуногуни интизомӣ кашида шудаанд. Рӯзи гузашта дар шабакаҳои иҷтимоӣ наворе ба нашр расид, ки як зан аз сӯи як корманди милиса латукӯб мешавад.
Дар фармони вазири умури дохилии Тоҷикистон аз рӯзи 21-уми март, ки пас аз нимаи шаби гузашта дар сайти расмии ин ниҳод ба нашр расид, гуфта мешавад, ки старшинаи милиса Сафарбек Маҳмадсаидзода (қаблан Сафарбек Сатторов) бо Мадина Шамсова, ки дар ҳолати мастӣ қарор доштааст, вориди баҳсу мунозира мешавад.
Ба ин ҳодиса замоне таваҷҷӯҳ шуд, ки рӯзи 21-уми март ду навори кутоҳ аз латукӯби як зан аз ҷониби корманди милиса дар шабакаи "Фейсбук" нашр шуд.
Хабар мегӯяд, ки ин корманди милиса худ қонуншиканӣ намуда ва ба "вайрон намудани талаботҳои фармонҳои ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон роҳ додааст" ва бинобар ҳамин аз сафи мақомоти вазорати умури дохилӣ озод карда мешавад. Аммо дар ин хабар гуфта нашудааст, ки дар нисбати Сафарбек Маҳмадсаидзода ҷуз ронда шудан аз сафҳои милиса, боз чӣ чораи дигар дида мешавад.
Ин хабар ҳамзамон мегӯяд, ки раҳбарияти Воҳиди махсуси Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон барои "дуруст ба роҳ нагузоштани корҳои интизоми-тарбиявӣ" дар байни кормандон, ба ҷазоҳои гуногуни интизомӣ кашида шуданд.
Рӯзи 21-уми март дар шабакаҳои иҷтимоӣ наворе пахш шуд, ки корманди милиса ба сару рӯи зане шаппотӣ мезанад. Танҳо пас аз дахолати сокинон зан канор меравад ва аз пушти сар ба милиса як шаппотӣ мезананд. Даст бардоштани корманди ВКД ба сари як занро корбарони шабакаҳои иҷтимоӣ бо лаҳни тунд танқид карданд.
Бештар инҷо бихонед:
Ҷабрдида кист? Вокуниши ВКД ба моҷарои милиса бо як зан
Дар пайи ин ҳодиса, мақомот гуфтанд, зане, ки мавриди латукӯб қарор гирифт, ҳолати рӯҳии хуб надоштааст. Аммо дар хабари ахири вазорати умури дохилии Тоҷикистон гуфта мешавад, ки ӯ дар ҳолати мастӣ қарор доштааст. Ба қавли мақомот Мадина Шамсоваи 33-сола, сокини ҷамоати Роҳатии ноҳияи Рӯдакӣ мебошад.
Пас аз нашри навор дар шабакаҳои иҷтимоӣ, Вазорати умури дохилӣ гуфт, ки Сафарбек Маҳмадсаидзода барои ин амалаш ҳатман муҷозот мешавад ва пас аз анҷоми пурраи тафтиш дар ин робита тасмим гирифта хоҳад шуд.
Ба ин ҳодиса замоне таваҷҷӯҳ шуд, ки рӯзи 21-уми март ду навори кӯтоҳ аз латукӯби як зан аз ҷониби корманди милиса дар шабакаи "Фейсбук" нашр шуд. Дар навори аввал зан фарёд мезанад, ки "назан", вале нафаре бо либоси корманди милиса ва дар даст чубдасти ишоратии хоси кормандони БДА ба сару рӯйи зан чанд шаппотӣ мезанад.
Саҳнаи бархӯрди милиса бо ин зан аз баландии сохтмоне наворбардорӣ шудааст. Дар ин навор дида мешавад, ки раҳгузарон корманди милисаро бо садои "ин зан бемории рӯҳӣ дорад", талош мекунанд аз амалаш боздоранд, вале зоҳиран асар намекунад.
Дар навори дуюми идомаи сабти ин саҳна зан дар рӯи роҳ афтодааст ва милиса талоши боло кардани ӯро мекунад, вале зан дод мезанад. Муаллифи видео дар гурӯҳи "Мо-тоҷикистониён" навиштааст, ки ҳодиса субҳи имрӯз дар наздикии бинои Вазорати мудофиа рух додааст.
Ин ҳодиса дар ҳолест, ки як навори видеоии латукӯби духтаре аз ҷониби марде дар оғози моҳи март боиси сарусадои зиёд шуд. Дар фосилаи ду соат баъди ин моҷаро, мақомоти милисаи Душанбе гуфтанд, ки гумонбар боздошт шуд ва бар асоси моддаи "авбошӣ" ба боздоштгоҳи муваққатӣ интиқол ёфт. Баъди ин ҳодиса духтари латхӯрда - Малика Соҳибназарова гуфт, ки ин ҷавон Хуршед Азизов - як дӯстписараш буд ва дар ин моҷаро худро гунаҳгор меҳисобад.
Ҳодисаи латукӯби бераҳмонаи зан аз ҷониби мард дар як кӯчаи Душанбе интиқодҳои зиёдеро дар заминаи бераҳмӣ нисбати зан ва вуҷуди хушунат эҷод кард.
Вале ҳодисаи латукӯбкунии як зан аз ҷониби ходими милиса, ки либоси корӣ дар тан дорад, кам иттифоқ афтодааст ва ҳоло аксар тамошобинони ваҳшатзадаи ин навор дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз мақомот талаб доранд, ки ҳатман нисбати ин афсари милиса парванда боз шавад.