"Карнавал"-и наврӯзии Душанбе бо ҳузури 24 ҳазор нафар. ВИДЕО

Ҷашни Наврӯзи имсол дар Душанбе бо иштироки 24 ҳазор нафар ва барои нахустин бор бо баргузории "Карнавал" ё "Корвони наврӯзӣ" таҷлил шуд. Ин маросим, ки ҳамасола дар "Наврӯзгоҳ"-и Душанбе баргузор мешуд, ин бор дар хиёбони марказӣ ва назди муҷассамаи Исмоили Сомонӣ доир гардид.

Дар Карнавал ё "Корвони наврӯзӣ”, ки маросими асосии таҷлили ҷашни Навруз дар Душанбе буд, ба гуфтаи мақомот намояндагони қишрҳои гуногуни ҷомеа, аз ҷумла, кишоварзон, донишҷӯёну талабаҳо, кӯдакон ва сокинони оддӣ ширкат карданд.

Мунтақидон мегӯянд, дар ҳоле, ки ҳукумат бар асоси қонуни танзим харҷи маъракаҳои мардумро зери назорат гирифтааст, аммо барои ҷашну идҳои расмӣ зоҳиран маблағҳои ҳангуфтро аз ҳисоби будҷа масраф мекунад.

Дар ин ҷашн раисиҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон ва мақомоти ҳукуматӣ, сокинону меҳмонони пойтахти кишвар ҳузур доштанд. Оқои Раҳмон зимни табрикоти идона, баргузории "Корвони "наврӯзӣ"-ро аз суннатҳои ин ҷашн ном бурд, ки ба гуфтаи ӯ, "ойинҳои қадимаро бо қабои идона ва ба шеваҳои нав таҷассум мекунад".

Ҷашнҳои калони наврӯзӣ дар Тоҷикистон маъмулан бо ҷалби ҳазорҳо мактабиёну донишомӯзон баргузор мешавад. Ин муҳассилин барои ширкат дар барномаи чандсоатаи тафреҳӣ ва театрикунонидашуда ҳафтаҳо ва ё моҳҳо пеш аз ид дар соатҳои дарсӣ ё баъдидарсӣ ба машқу раҳпаймоиҳо ҷалб мешаванд.

Ҳузури чашмраси хориҷиён дар Наврӯзи Душанбе

Имрӯз ҳамзамон дар баробари ҷашни асосӣ, дар гӯшаҳои дигари Душанбе низ иди Наврӯз таҷлил шуд. Ҳангоми гаштугузори идона дар хиёбонҳои пойтахт ҳузури чашмрасӣ сайёҳони хориҷӣ мушоҳида мешуд. Аксари ҳамсӯҳбатони хориҷии Радиои Озодӣ аз таҷлили саросарии Навруз дар Тоҷикистон ва маросимҳои хоси ин ид тавсиф мекарданд. Мурод Ниёзмуродов барои тамошои Тоҷикистон ва ширкат дар маросимҳои иди Навруз, аз вилояти Қашқадарёи Узбекистон омадааст.

Ӯ дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, бори охир 27 соли пеш ба Тоҷикистон омада буд ва ҳоло ин ҳамсоякишварро тамоман дигар дарёфт. "Инҷо ба назари ман ҷои бегона нест. Маросими Наврузро тамошо кардем, мисли наврузии узбекистониҳо аст, аммо маросимҳои хос инҷо зиёданд. Ман бештар аз Навруз, аз боз шудани роҳҳо ва беҳ шудани муносибати ин ду кишвар хурсанд ҳастам",-афзуд ӯ.

Муҳаммадризо Тоҷиддинӣ, як шаҳрванди Эрон, ки аз намоишгоҳи наврузӣ дидан мекард, гуфт, он чизе, ки мегуяд, бар пояи мушоҳидаҳояш аст, ки натанҳо дар кишварҳои Осиёи Миёна, балки дар ҳеҷ куҷои дунё Наврузро ба шакле, ки дар Тоҷикистон таҷлил мекунанд, надидааст. "Тоҷикон бештар дустдори Навруз ва анъанаҳои ниёгон ҳастанд. Аз ин хотир, ман ба якояки мардуми ин кишвар ҷашни Наврузро муборак мегуям",-афзуд Муҳаммадризо Тоҷиддин.

Абдураҳмон Нақиб, як хабарнигори араб, ки ҳангоми гаштугузори наврузӣ бо мо суҳбат мекард, бештар аз хушҳолии мардум ба шавқ омада буд. Ӯ гуфт, таҷлили бошукуҳи ҷашни Навруз дар Тоҷикистон метавонад, таваҷҷуҳи бештари сайёҳонро ба ин кишвар ҷалб кунад.

Браузери шумо HTML5-ро намешиносад

Наврӯзи Душанбе бо ширкати 24 ҳазор нафар баргузор шуд

Будҷаи наврӯзӣ чанд аст?

Будҷаи ташкили ҷашни Наврӯзи соли 2019 ошкор намешавад, вале дар гузашта матбуот навишта буд, ки хароҷоти ташкили ҷашн миллионҳо сомониро ташкил медиҳад. Соли 2012, бо таваҷҷӯҳ ба он, ки Тоҷикистон мизбони ҷашни байналмилалии Наврӯз буд, ҳукумат барои навсозии "Наврӯзгоҳ"-и Душанбе аз ҳисоби будҷа беш аз чаҳор миллион сомонӣ харҷ кард.

Мунтақидон мегӯянд, дар ҳоле, ки ҳукумат бар асоси қонуни танзим харҷи маъракаҳои мардумро танзим намудааст, аммо барои ҷашну маъракаҳои расмӣ зоҳиран маблағҳои ҳангуфтро аз ҳисоби будҷа масраф мекунад.

Таҷлили расмӣ аз Наврӯз ҳар сол дар ҳар минтақаи кишвар бо ҳузури президенти Тоҷикистон баргузор мешавад. Дар баробари Хуҷанду Хоруғ, минтақаи Рашту Кӯлобу Норак ва Душанбе ҳам чанд дафъа мизбони ҷашни асосии Наврӯз буд.

Браузери шумо HTML5-ро намешиносад

Пурсиш: Ба ташкили ҷашни пурхарҷи Наврӯз чӣ назар доред?

Норак -- мизбони ҷашни Наврӯз пас аз 8 моҳи ҳамла ба сайёҳон

Таҷлили Наврӯз дар Иттиҳоди Шӯравӣ мамнӯъ буд, вале баъди соли 1991 дубора эҳё шуд. Ҳамсуҳбатони мо мегӯянд, сол ба сол ба далели тарғиботи хеле зиёд дар расонаҳои Тоҷикистон таҷлили Наврӯз низ сол ба сол "таҳрир" шуда, беҳтар ва мардумитар мешавад. Тантанаи асосии наврӯзӣ имсол рӯзи 20-уми март бо ҳузури раисҷумҳури Тоҷикистон дар Норак ва бо ҳузури 12 ҳазор нафар баргузор шуд.

Ҷашни калон як сол баъди ҳодисаҳои хунини ҳамла ба сайёҳони хориҷӣ ташкил мешавад, ки масъулияти онро гурӯҳи "Давлати исломӣ" ба дӯш гирифт. Ҳамлаварон дар навори видеоии пеш аз ҳодисаи террористӣ, ки ҷони чор туристи хориҷиро гирифту ду нафарро маҷрӯҳ кард, дар баландтарин нуқтаи Норак савганд ёд карданд. Исми Норак дар бисёр хабару гузоришҳои ҷаҳонӣ дар робита бо ҳамин ҳодисаҳо расонаӣ шуд.

Вале як ҳамсуҳбати Радиои Озодӣ дар ҳукумат гуфт, интихоби Норак ба унвони макони ташкили ҷашни ҷумҳуриявии Наврӯз бесабаб набуд. Ба гуфтаи ӯ, сабаби аслии дар Норак таҷлил шудани Наврӯз дар он аст, ки вақте моҳи ноябри соли гузашта президент дар маросими чархаи аввали НБО Роғун ширкат карда бо коргарони он сӯҳбат дошт ва вақте фаҳмид аксари сохтмончиён сокинони шаҳри Норак ҳастанд, гуфт иди Наврӯзро имсол дар Норак таҷлил мекунад".

Наврӯзи байналмилалӣ

Муассисаи илм ва фарҳанги Созмони Милали Муттаҳид соли 2016 дархости 11 кишвар, аз ҷумла Тоҷикистонро пазируфт ва Наврӯзро ба феҳристи Мероси ғайримоддии ҷаҳонӣ ворид кард. Дар ҷаласаи ин созмон дар шаҳри Аддис Абеба, пойтахти Эфиопия, намояндагони созмон гуфтанд, Наврӯз ҷашни бостонии мардуми шарқ "таҳаммул, ҳамбастагӣ ва сулҳ"-ро ривоҷ медиҳад ва сазовор аст, ки ба мероси фарҳанги ғайримоддии башарӣ ворид карда шавад.

Ҳамроҳ бо Тоҷикистон Афғонистону Озарбойҷон, Ҳинду Эрон, Ироқу Қазоқистон, Қирғизистон, Туркия, Туркманистон ва Узбакистон ҳам пешниҳод карда буданд, ки Наврӯз ба феҳристи мероси ғайримоддии ҷаҳонӣ ворид карда шавад. 21 март дар Тоҷикистон иди Наврӯз расман оғоз ёфта, таътилоти наврӯзӣ дар кишвар то 25-уми март давом хоҳанд кард.