"Медонанд, ки боздошт мешаванд, вале боз пора мегиранд"

Додситонии ҳарбии минтақаи Кӯлоб алайҳи сардори пешини комиссияи тиббии Комисарияти ҳарбии Кӯлоб ва сардори зершӯъбаи молияи ин комиссариат бо иттиҳоми гирифтани пора ва рухсат додани панҷ даъватшаванда, парвандаи ҷиноӣ боз кардааст. Ин ду нафар ҳоло дар боздошт қарор доранд.

Аз Додситони ҳарбии Кӯлоб 18-уми март дар сӯҳбат ба Радиои Озодӣ гуфтанд, ки нисбати Дилшод Шарипов, сардори зершӯъбаи молияи Комиссариати ҳарбии Кӯлоб ва Тоҳирҷон Ашӯров, сардори пешини комиссияи тиббии комисарияти ҳарбӣ бо моддаи 319 ва 323, яъне "гирифтани пора" ва "сохтакорӣ", парвандаи ҷиноӣ боз карданд.

Коршиносон дар умум даст ба фасод задани кормандони комиссариатҳои ҳарбиро ба маоши ночизи онҳо рабт медиҳанд.

Ба гуфтаи манбаъ, дар оғоз дар нисбати сардори пешини комиссияи тиббӣ Тоҳирҷон Ашӯров парванда боз шуда буд ва дар рафти тафтишот ошкор шуд, ки сардори зершӯъбаи молияи комиссарати ҳарбӣ Дилшод Шарипов низ бо ӯ ҳамдаст аст.

Манбаъ афзуд, Дилшод Шарипов, ки рутбаи прапоршик дорад, аз панҷ даъватшаванда панҷ ҳазор сомонӣ гирифта, 300 сомонӣ ба сардори комиссияи тиббӣ дода, ҳуҷҷатҳои қалбакӣ дуруст карданд ва сарбозони даъватшавандаро ҷавоб доданд.

Ҳоло нисбати Дилшод Шарипов бо моддаи 319, қисми 2 ва нисбати Тоҳирҷон Ашуров бо моддаҳои 319, қисми 1 ва 323 парванда боз шудааст. Дар сурати исбот шудани иттиҳом, ба ин ду нафар аз панҷ то ҳафт соли зиндон таҳдид мекунад.

Наваскарони тоҷик. Акс аз бойгонӣ.

Тоҳирҷон Ашӯров то замони боздошт дар бемористони вилоятии Кӯлоб мудири шӯъбаи бемориҳои даруна кор мекард ва се сол пайи ҳам сардори комиссияи даъвати ҳарбӣ буд. Ашӯров пеш аз боздошт дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ хабари нисбаташ парванда боз шуданро тасдиқ карда буд.

Ашӯров гуфт, ки тайи се сол ба чунин кор даст назад, вале чигуна ӯро ба ин роҳ тела доданд, худ надонист ва ин корро анҷом дод. Ӯ мегӯяд, ки ин кор дар даъвати тирамоҳии соли 2018 рух дод ва дар воқеъ панҷ сарбозро баъди муоина ҷавоб дода буданд.

"Бовар кунед дар се соли сардори комиссия будан, чунин ҳолат рух надода буд, вале ин кор чигуна шуд, худ низ надонистам ва ин корро кардам. Ҳоло пушаймонам, аммо оқибаташ чӣ мешуда бошад, ростӣ худам намедонам, вале тафтиш идома дорад",-гуфта буд Тоҳирҷон Ашӯров.

Ин бори аввал нест, ки мақомот дар Кӯлоб кормандони комиссариатҳои ҳарбиро бо гирифтани пора дастгир менамоянд. Коршиносон мегӯянд, ки боздоштҳои тайи ду соли ахир то ҳол барои кормондони комиссариатҳои ҳарбии минтақа дарси ибрат нашудааст. Ин коршиносон дар умум даст ба фасод задани кормандони комиссариатҳои ҳарбиро ба маоши ночизи онҳо рабт медиҳанд.

Акс аз бойгонӣ.

Низомуддин Ёқубов, коршиноси маҳаллӣ мегӯяд, дар ҳар даъват тақрибан кормандони комиссариатҳои ҳарбӣ бо иттиҳоми гирифтани пора боздошт мешаванд. Яъқубов мегӯяд, ки агар маош баланд бошад ва онҳо ба пул ниёз надошта бошанд, агар даҳ мансабдор ояду пешниҳоди хариди билет кунед, ё раҳоии фарзандашро аз хизмат дархост намояд, онро рад мекунанд.

"Бубинед, ҳар даъват як ё ду нафар аз кормандони комиссариат боздошт мешаванд ва аз байн шаш моҳ нагузашта, дигареро боздошт мекунанд. Ҳарчанд ин боздоштшудаи нав медонад, ки шаш моҳи пеш сардор ё ҳамкорашро барои гирифтани пора дастгир карда буданд, лекин ӯ низ аз пастии маош маҷбур аст, ки барои гузаронидани рӯзгор мисли ҳамкораш даст ба фасод занад. Медонад, ки рӯзе не, рӯзе боздошт мешавад, вале то боздошташ маҷбур аст, ки ба гирифтани пора даст занад",-гуфт мусоҳиби мо.

Боздошти сардори собиқ комиссияи тиббӣ ва прапоршики зершӯъбаи Комиссаритаи ҳарбии Кӯлоб дар ҳолест, ки дар соли 2018 чор тан аз кормандони Комиссариати ҳарбии минтақаи Кӯлоб аз сӯи Оҷонсии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Тоҷикистон ҳангоми гирифтани "порра" боздошт ва нисбаташон парвандаи ҷиноӣ боз шуда буд. Аммо дар соли 2019 Дилшод Шарипов ва Тоҳирҷон Ашӯров аввалин масъулони комиссариати ҳарбӣ дар минтақаи Кӯлоб мебошанд, ки барои гирифтани пора ва сохтакорӣ боздошт ва нисбаташон парванда боз шудааст.