Паҳлавонони тоҷик дар мусобиқаи байналмилалии Гран-прии ҷудо (GrandPrix), ки рӯзҳои 24-26-уми январ дар пойтахти Исроил - шаҳри Тел-Авив баргузор мешавад, ширкат меварзанд.
Ба иттилои сомонаи расмии Федератсиони байналмилалии ҷудо (IJF) дар Гран-прии Тел-Авив иштироки 407 гуштигир (230 мард ва 177 зан) аз 54 кишвари дунё дар назар аст.
Тоҷикистонро дар ин мусобиқа чор варзишгар - Беҳрӯзи Хоҷазода, Хайёмиддин Ҷабборов (ҳарду дар вазни -73 кг), Акмал Муродов (-81 кг) ва Саидҷалол Саидов (-100 кг) – дар сабқати мардон намояндагӣ мекунанд.
Рӯзи 24-уми январ қувваозоиҳо дар вазнҳои -60 кг, -66 кг миёни мардон, -48 кг, -52 кг, -57 кг миёни занон баргузор мешавад. Рӯзи 25-уми январ гуштигирони вазнашон -73 кг, -81 кг миёни мардон, -63 кг, -70 кг миёни занон рақобат мекунанд. Дар рӯзи охирини мусобиқа – 26-уми январ - қувваозмоиҳо дар вазнҳои -90 кг, -100 кг, +100 кг миёни мардон, -78 кг, +78 кг миёни занон доир мегардад.
Бояд гуфт, ки Гран-прии Тел-Авив нахустин мусобиқаи байналмилалӣ оид ба ҷудо дар соли 2019 мебошад. Маблағи умумии ҷоизаҳои мусобиқа 100 ҳазор доллари ИМА-ро ташкил медиҳад.
Ғолибон ва онҳое, ки ҷойҳои дувуму севумро мегиранд, ба ҷуз медал бо ҷоизаҳои молӣ сарфароз мешаванд: барои ҷойи якум 3 ҳазор доллар (2400 доллар ба варзишгар ва 600 доллар ба мураббиаш), барои ҷойи дуюм 2 ҳазор доллар (1600 доллар ба варзишгар ва 400 доллар ба мураббиаш), барои ҷойҳои сеюм 1 ҳазор долларӣ (800 доллар ба варзишгар ва 200 доллар ба мураббиаш).
Ҳамчунин, ширкаткунандагони Гран-прии Тел-Авив соҳиби имтиёзҳои олимпӣ мешаванд. Зимнан, дар ҳамин ҳол дар раддабандии олимпӣ Акмал Муродов дар вазни -81кг дар ҷойгоҳи 53-юм, Саидҷалол Саидов ҳам дар вазни -100 кг дар ҷойгоҳи 53-юм, Беҳрӯзи Хоҷазода дар вазни -73 кг дар ҷойгоҳи 56-ум ва Хайёмиддин Ҷабборов дар вазни -73 кг дар ҷойгоҳи 99-ум қарор доранд.