Нархи сӯзишворӣ дар Тоҷикистон то 10 дарсад коҳиш ёфт. ВИДЕО

Бо пешниҳоди Хадамоти зиддиинҳисории Тоҷикистон нархи маҳсулоти нафтӣ, аз ҷумла газу бензин ва солярка дар бозорҳои кишвар то 10 дар сад поин оварда шудааст. Масъулони хадамот рӯзи 28-уми декабр дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфтанд, "пас аз омӯзиши нарх дар биржаҳои байналмилалӣ" ба чунин натиҷа расиданд.

  • То ду рӯзи пеш дар нуқтаҳои фурӯши сӯзишворӣ дар Душанбе нархи як литр гази моеъ то 4 сомониву 40 дирам, як литр бензини навъи 92 то 7 сомониву 90 ва бензини навъи 95 то 8 сомониву 20 дирам фурӯхта мешуд. Ҳоло нархи як литр гази моеъ 4 сомонӣ ва бензин вобаста ба навъҳояш аз 7 сомониву 50 дирам то 7 сомониву 80 дирам муқаррар шудааст.
Ҳатто барои вонамуд кардани рақобат ширкат ба фурӯшандаҳои маҳаллӣ сӯзишвориро бо нархи арзон медиҳад, вале худаш онро гарон мефурӯшад.

Раҷабалӣ Раҳсиддинов, мутахассиси Раёсати ҳимоя ва рушди Хадамоти зиддиинҳисорӣ, дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, ки "нархи тасдиқшуда ниҳоӣ нест".

"Мо ҳамеша дар бораи нархи маҳсулоти нафтӣ аз интернет маълумот мегирем ва таҳлил мекунем. Ба ширкатҳои воридкунандаи сӯзишворӣ фаҳмондем, ки дар шароити Тоҷикистон нарх бояд ҳамин қадар бошад ва онҳо бо далелҳои мо розӣ шуданд", - афзуд Раҳсиддинов.

Гузориши видеоӣ дар инҷост:

Браузери шумо HTML5-ро намешиносад

Дар Тоҷикистон нархи маводи сӯхт коҳиш ёфт

Қабл аз ин, ҳукумати Тоҷикистон барои танзими нархи маҳсулоти муҳими иҷтимоӣ, аз ҷумла бензин қарор қабул карда буд. Қарори ҳукумати Тоҷикистон, ки барномаи қаблии зиддибуҳрониро иваз мекунад, аз 24 банд иборат аст. Яке аз бандҳои барнома идораҳои блоки иқтисодии Тоҷикистонро муваззаф мекунад, то нагузоранд, ки нархи маводи муҳими итимоӣ, аз ҷумла бензину солярка ва гази моеъ якбора баланд шавад.

Имсол ҳадди ақал се дафъа нархи гази моеъ ва пас аз он бензин дар Тоҷикистон гарон шуд. Моҳи июн нархи як литр гази моеъ дар Тоҷкистон якбора то 40 дар сад гарон шуд, ки норозигии ронандагон, хусусан ронандагони нақлиёти ҷамъиятиро ба бор овард.

Раҷабалӣ Роҳсиддинов

Каме поин омадани нархи сӯзишворӣ дар Тоҷикистон пеш аз ҳама ронандаҳоро хушҳол кардааст. Ҳусейн Меликов, сокини шаҳри Душанбе, мегӯяд, арзон шудани нархи бензин дар Тоҷикистон кам иттифоқ меафтад, чун нархи сӯзишворӣ паёпай боло мераваду поин намеояд.

“Агарчӣ кам ҳам бошад, таъсири мусбат дорад. Бубинед, нархи газ арзон шудааст. Ба буҷети оилаҳо камубеш ёрӣ мекунад. Ҳадди ақал дар як рӯз пули ду-се нон захира мешавад”, - мегӯяд.

Нисбатан поин омадани арзиши сӯзишворӣ дар Тоҷикистон ба нархҳо дар бозор ва ё қимати роҳкиро ҳанӯз таъсир накардааст. Аммо ронандаҳои таксӣ дар масирҳои байнишаҳрӣ мегӯянд, дар сурати идомаи коҳиши арзиши сӯзишворӣ, қимати хадамоти онҳо низ каме поин оварда хоҳад шуд.

Масъуд Собиров

Масъуд Собиров, иқтисоддони тоҷик, гуфт, Хадамоти зиддиинҳисории Тоҷикистон ҷуръат кардааст, ки аз бозиҳои, ба қавли ӯ, тиҷоратии ширкати "Газпромнефт-Тоҷикистон" ҷилавгирӣ кунад. Ӯ бовар дорад, ки ҷаҳишҳои нархи сӯзишворӣ дар Тоҷикистон асосан ба фаъолияти ин ширкати русӣ рабт мегирад.

Собиров афзуд, “агар мушоҳида карда бошед, нархи ҳама анвои сӯзишворӣ дар нуқтаҳои фурӯши маводи сӯхти ин ширкат нисбатан баландтар аст. Ҳатто дақиқ кардаам, ки барои вонамуд кардани рақобат ин ширкат ба фурӯшандаҳои маҳаллӣ сӯзишвориро бо нархи арзон медиҳад, аммо худаш онро гаронтар мефурӯшад.”

Дар Тоҷикистон ширкатҳои аслии воридкунандаи маводи сӯхт аз Қазоқистону Русия ба кишвар "Газпромнефт Тоҷикистон" ва "Фароз" номбар мешаванд. Ин ширкатҳо ҳиссаи аслии бозори маводи сӯхт, гази моеъ ва бензинро дар даст доранд.

​Ширкатҳои хурди дигар ва нуқтаҳои фурӯши маводи сӯзишворӣ маҳсулотро аз ин ширкатҳо мехаранд. Ва табиист, ки дар ҳоли ҳозир сухани ниҳоиро дар муқаррар кардани нархи сӯзишворӣ дар Тоҷикистон ду ширкати аслӣ мегӯянд.