Қурби рубли русӣ дар Тоҷикистон поин рафт

Яке аз марказҳои хидматрасонии бонкӣ дар Душанбе

Қурби рубли русӣ, ки муҳоҷирони тоҷик ҳосили заҳматҳои худро асосан бо ин асъор ба Тоҷикистон мефиристанд, дар баробари сомонӣ коҳиш ёфтааст. Агар то як ҳафтаи пеш ҳазор рубли русӣ ба 143 сомонӣ баробар буд, рӯзи 27-уми декабр то ба 136 сомонӣ поин омад.

Хонаводаи баъзе аз муҳоҷирони кории тоҷик дар Русия мегӯянд, ин тағйирот ба зиндагии онҳо бетаъсир нахоҳад буд. Парвиз, яке аз мусоҳибони мо дар Душанбе, гуфт, онҳо дар ивази ҳар ҳазор рубл ҳафт сомониро аз даст медиҳанд ва дар сурати табдили даҳ ҳазор рубл -- ҳафтод сомониро.

"Бо ҳафтод сомонӣ мешавад чанд литр равғану чанд кило биринҷ харид. Ҳарчанд дар назари аввал пули кам аст, аммо ба буҷети хонаводаҳое, ки танҳо ба пули муҳоҷирон умед доранд, зарба мезанад", - афзуд мусоҳиби мо.

Баҳодури Шамсиддин, муҳоҷири тоҷик, ки нав аз Русия баргаштааст, мегӯяд, зуд-зуд тағйир ёфтани арзиши рубли русӣ баъзан нақшаҳои ӯро нақше бар об мекунад. Вай гуфт, "ният доштам, ки бо пулҳои ҷамъкардаи худ хона созам. Худатон медонед, барои бунёди хона пули зиёд сарф мешавад ва ҳатман аз рубли зиёде, ки ба сомонӣ иваз мекунам, зарари калон хоҳам дид. Пули русӣ дигар баракат надорад."

Дар гузашта хонаводаҳои муҳоҷирон рублҳои фиристодаи писар ё шавҳари худро бо асъори русӣ дарёфт мекарданд. Аммо ду соли охир бино бар муқаррароти бонкҳо, рубли фиристодаи муҳоҷирон ба хонаводаашон ба сомонӣ дода мешавад.

Ин аст, ки баъзе муҳоҷирон ба хонаводаҳои худ ё доллар мефиристанд ва ё пулҳоро бо худ ба ватан меоранд. Муҳоҷирон мегӯянд, пулҳоро дар хона нигоҳ медоранд ва ҳар замоне ки қурби рубли русӣ “ҷон” гирифт, иваз мекунанд.

Мақомоти Тоҷикистон мегӯянд, солҳои охир интиқоли пули муҳоҷирон аз Русия коҳиш ёфтааст. Дар моҳи ноябри имсол Ҷамшед Нурмуҳаммадзода – раиси Бонки Миллии Тоҷикистон дар ҷаласаи порлумон эътироф кард, ки интиқоли пули муҳоҷирони корӣ аз хориҷа ба кишвар кам шуда ва ин раванд ба сармоягузории бахшҳои дигар, аз ҷумла кори бонкҳо таъсир гузоштааст.

То соли 2014 муҳоҷирони тоҷик солона аз Русия беш аз 4 миллиард доллар пул мефиристоданд, аммо ин рақам дар соли 2017 ба дуним миллиард доллар коҳиш ёфт. Ин рақам дар солҳои 2015 ва 2016 ҳатто ба таври рекордӣ то марзи як миллиарду дусад ҳазор ва як миллиарду нуҳсад ҳазор поин омада буд.