Мутахассиси узбекистонӣ сармураббии мунтахаби олимпии Тоҷикистон таъйин шуд

Усмон Тошев

Усмон Тошеви 53-сола, мутахассиси футбол аз Узбекистон, сармураббии дастаи мунтахаби олимпии Тоҷикистон (U-23) таъйин шуд. Ӯ дастаро ба мусобиқаи интихобии қаҳрамонии Осиё-2020 омода месозад. Ба иттилои Федертсияи футболи Тоҷикистон, сармураббии нави мунтахаби олимпии кишвар рӯзҳои наздик ба кор шуруъ мекунад.

Дастаи мунтахаби наврасони Узбекистон (U-16) таҳти раҳбарии Усмон Тошев моҳи июли имсол ғолиби мусобиқаи қаҳрамонии Ассотсиатсияи футболи Осиёи Марказӣ (CAFA) гардид

Дастаи мунтахаби олимпии Тоҷикистон дар марҳилаи интихобии қаҳрамонии Осиё-2020, ки аз 22-юм то 26-уми марти соли оянда дар Тошканд доир мегардад, дар гурӯҳи “F” бо тимҳои Узбекистон, Ҳиндустон ва Покистон рақобат мекунад.

Усмон Тошев 23-юми сентябри соли 1965 дар шаҳри Бухоро ба дунё омадааст. Ӯ ҳамчун футболбоз дар бошгоҳҳои «Зарафшон», «Пахтакор», «Нурафшон» ва «Бухоро»-и Узбекистон бозӣ кардааст. Инчунин вай бозигари тими лигаи аввали футболи Русия - «Атоммаш»-и Волгодонск, «Солнок»-и Маҷористон ва «Кератсини»-и Юнон буд.

Пас аз анҷоми карйераи футболбозиаш ба ҳайси мураббӣ фаъолият намудааст. Ӯ Донишгоҳи давлатии Бухороро соли 1987 бо ихтисоси омӯзгори тарбияи ҷисмонӣ хатм кардааст. Моҳи ноябри соли 2005 парвона ё литсензияи дараҷаи “Pro”-ро гирифтааст.

Солҳои 2000-2008 сармураббии бошгоҳҳои “Бухоро” ва “Насаф”-и Қаршӣ буд. Соли 2006 ба ҳайси ёвари сармураббии дастаи мунтахаби миллии Узбекистон ифои вазифа намудааст. Аз январи соли 2009 то майи соли 2011 ба бошгоҳҳои “Шуртан” ва “Спартак”-и Тошканд роҳбарӣ мекард.

Усмон Тошев 20-уми моҳи майи соли 2011 менеҷери кулли бошгоҳи “Насаф”, баъдан сармураббии ин дастаи шаҳри Қаршӣ таъйин шудааст. Соли 2013 сармураббии бошгоҳи “Спартак”-и Бухоро буд. Солҳои 2014-2015 ба ҳайси сармураббии бошгоҳи “Де Майванд Аталан”-и Афғонистон фаъолият кардааст. Вай соли гузашта вазифаи сармураббии бошгоҳи “Андиҷон”-ро бар дӯш дошт.

Дастаи мунтахаби наврасони Узбекистон (U-16) таҳти раҳбарии Усмон Тошев моҳи июли имсол ғолиби мусобиқаи қаҳрамонии Ассотсиатсияи футболи Осиёи Марказӣ (CAFA) гардид, ки дар Тошканд доир шуд. Ҳамчунин Усмон Тошев мушовири FIFA ва AFC мебошад.