Мунтахаби наврасони Тоҷикистон ба қаҳрамонии ҷаҳон роҳ ёфт

Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон бар тими Кореяи Шимолӣ аз рӯи силсилаи пеналтӣ пирӯз шуд ва ба даври ниманиҳоӣ роҳ ёфт. Ин бозӣ рӯзи 30-юми сентябр дар даври чорякниҳоии марҳилаи ниҳоии қаҳрамонии футболи Осиё-2018 миёни бозигарони зери 16-сола дар Малайзия баргузор шуд.
  • Инчунин, футболбозони навраси тоҷик соҳиби роҳхат ба мусобиқаи қаҳрамонии ҷаҳон (U-17) гардиданд, ки соли оянда дар Перу доир хоҳад шуд.
Бозӣ миёни дастаҳои мунтахаби наврасони Кореяи Шимолӣ (U-16) ва Тоҷикистон (U-16) шоми якшанбеи 30-юми сентябр дар варзишгоҳи «Петалинг Ҷая»-и шаҳри Куала-Лумпур баргузор шуд. Ҳисобро дар дақиқаи 14-ум бозигари мунтахаби Тоҷикистон Рустам Соиров боз кард. Ӯ бо тӯб ба ҷаримагоҳи кореягиҳо ворид шуда, зуд зарба зад. Тӯб ба тӯри дарвозаи мунтахаби Кореяи Шимолӣ ворид гашт.
Ҳамин тариқ, нимаи аввали дидор бо ҳисоби 1:0 ба нафъи футболбозони навраси тоҷик ба поён расид. Дар нимаи дувуми бозӣ Ри Ҳун, узви дастаи мунтахаби Кореяи Шимолӣ, дар дақиқаи 69-ум бо зарбаи сахту нишонрас аз масофаи тахминан 20 метр ҳисобро баробар намуд.
ИНЧУНИН, БИХОНЕД: Мунтахаби наврасони Тоҷикистон - дар чорякфинали қаҳрамонии Осиё

Замони асосии бозӣ бо ҳисоби мусовии 1:1 хотима ёфт. Ғолиб аз рӯи силсилаи пеналтӣ маълум шуд. Дарвозабони дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон Муҳриддин Ҳасанов, ки ду тӯби задаи бозигарони мунтахаби Кореяи Шимолиро баргардонд, ғалабаи дастаашро таъмин намуд.

Дар бозии дигари чорякниҳоӣ, ки 30-юми сентябр дар шаҳри Куала-Лумпур, дар Варзишгоҳи миллии Букит Ҷалил, барпо гардид, мунтахаби Ҷопон бар тими Умон бо ҳисоби 2:1 пирӯз шуд. Ду бозии дигари чорякниҳоӣ рӯзи 1-уми октябр миёни дастаҳои Индонезия – Австралия ва Кореяи Ҷанубӣ – Ҳиндустон баргузор
мешавад.
Ба ин тартиб, мунтахаби Тоҷикистон дар нимфинал 4-уми октябр дар варзишгоҳи «Петалинг-Ҷая» бо ғолиби ҷуфти Кореяи
Ҷанубӣ/Ҳиндустон рақобат мекунад. Дар бозии дигари ниманиҳоӣ, ки 4-уми октябр дар Варзишгоҳи миллии Букит Ҷалил барпо мегардад, мунтахаби Ҷопон бо ғолиби ҷуфти Индонезия/Австралия рӯбарӯ мешавад.
Мусобиқаи қаҳрамонии Осиё-2018 миёни наврасони зери 16-сола:

Кореяи Шимолӣ – Тоҷикистон – 1:1. Аз рӯи пеналтӣ – 2:4

Голҳо: Рустам Соиров, 14 (0:1). Ри Ҳун, 69 (1:1).

Силсилаи пеналтӣ: Ра Нам Ҳйон – 1:0. Шарифбек Раҳматов – 1:1. Ким Чжин Гук – 1:1 (дарвозаон). Озодбек Панҷиев – 1:2. Чае Ю Сонг – 1:2 (дарвозабон). Ҷонибек Шарипов – 1:3. Ким Чжин Ҳиок – 2:3. Рустам Соиров – 2:4.

Тоҷикистон: Муҳриддин Ҳасанов, Ҷонибек Шарипов, Шаҳром Назаров, Исроил Холов (Шоҳрух Сангов, 84), Муҳаммадрасул Лутфуллоев, Нидоёр Забиров, Шарифбек Раҳматов, Ҳамадонӣ Камолов (Озодбек Панҷиев, 81), Эмомалӣ Аҳмадхон (капитан), Ислом Зоиров, Рустам Соиров.

Сармураббӣ: Зайниддин Раҳимов.

Огоҳонида шуданд: Ким Вон Ил, Пак Рионг Гвон (Кореяи Шимолӣ), Эмомалӣ Аҳмадхон (Тоҷикистон).

Бозигари беҳтарини дидор: Муҳриддин Ҳасанов (Тоҷикистон).

Сардовар: Умар Иброҳим Ҳасан Маҳфудҳ (Баҳрайн).

Нозири доварон: Масъуд Муродӣ (Эрон).

Комиссари бозӣ: Ричард Ҷосон (Филиппин).

30 сентябр. Варзишгоҳи «Петалинг-Ҷая». 100 тамошобин.

Ҷопон – Умон – 2:1

Голҳо: Исо Ҳалфан Ал-Набӣ, 14 – ба дарвозаи худ (1:0). Тариқ Ҳамис Ал-Машарӣ, 22 (1:1). Шоҷи Тояма, 81 (2:1).

30 сентябр. Варзишгоҳи миллии Букит Ҷалил. 267 тамошобин.

1 октябр (душанбе)
13:30 – Индонезия – Австралия. Варзишгоҳи миллии Букит Ҷалил
17:45 – Кореяи Ҷанубӣ – Ҳиндустон. Варзишгоҳи «Петалинг-Ҷая»

Нимфинал
4 октябр (панҷшанбе)

13:30 – Ҷопон –Ғолиби ҷуфти Индонезия/Австралия.
Варзишгоҳи миллии Букит Ҷалил
17:45 – Тоҷикистон – Ғолиби ҷуфти Кореяи
Ҷанубӣ/Ҳиндустон. Варзишгоҳи «Петалинг-Ҷая»

Финал
7 октябр (якшанбе)

17:45 – Варзишгоҳи миллии Букит Ҷалил
Эзоҳ: замони оғози бозиҳо – ба вақти Душанбе.