Моҳ дар Тоҷикистон "хунин" шуд. АКС

Моҳтоб дар Тоҷикистон дар шаби 27-уми июл

Гирифти Моҳ ё зери сояи замин рафтани он соати 23 :24 ба вақти Тоҷикистон сар шуд ва курраи Моҳ зери сояи замин рафт.

Ин ҳодисаи нодири кайҳониро дар Душанбе як гуруҳ дӯстдорони илми нуҷум аз расадхонаи Ҳисор бо телескопу дастгоҳҳои аксбардорӣ мушоҳида мекунанд.

Қисматҳои бештари Замин -- сар аз Австралия то Африқову Ховари Миёна ва то Амрикои Ҷанубӣ шаби шанбеи 27-уми июл шоҳиди гирифтани Моҳ хоҳанд буд. Фалакшиносон мегӯянд, ки дар ин шаб курраи замин шоҳиди дарозтарин гирифтани Моҳ дар ин қарн хоҳад буд.

Гирифтани Моҳ дар Тоҷикистон

Ба гуфтаи мунаҷҷимон, гирифтани Моҳ аз ҳама беҳтар дар кишварҳои Осиёи Марказӣ мушоҳида хоҳад шуд. Ҳодисаи гирифтани Моҳ ҳудуди 2 соат -- идома мекунад ва 22:30 дақиқа ба вақти Душанбеву Тошканд оғоз шуд.

Баъди тақрибан 1 соат курраи моҳ бадатриҷ аз зери сояи Замин берун омад ва тулӯи Моҳтоб 40 дақиқа идома мекунад.

Дар ин шаб ҳамчунин саёраи Миррих ба курраи Замин наздик мешавад ва онро метавон ба чашми оддӣ дид.Дар ин шаб масофа байни Миррих ва хонаи умумии инсоният то 70 ҳазор километр мерасад.

Гирифтани Моҳ дар Амрикои шимолӣ ба мушоҳида нахоҳад расид, аммо қисматҳои зиёде аз замин шоҳиди гирифтани Моҳ хоҳанд шуд. Аз ҷумла, гирифтани моҳ дар Африқо, Ховари Миёна ва кишварҳои Осиёи Марказӣ ба мушоҳида расид.

Гирифтани моҳ падидаи нодири кайҳонист ва замоне сурат мегирад, ки Замин аз байни Офтоб ва Моҳ ҳамсафари зебояш ҳаракат мекунад ва инсонҳо сояи курраи азимеро, ки болояш истодаанд, дар рӯи “моҳи” Моҳ мебинанд.

Аммо сокинон дар минтақаи мо дар гузашта ва ҳоло ҳини гирифтани Моҳ ва Офтоб чӣ кор мекарданд ва чӣ боварҳо доштанд? Бархе аз сокинони минтақаҳои мухталифи Тоҷикистон дар ин бора назарҳои худро баён доштанд:

--Бузургсолон дегҳоро чап гардонида, бо чӯбу қошуқ мезаданд, ки Моҳро азоб надиҳанд ва рӯшанӣ шавад.

--Ин як ҳодиса табиӣ аст.

--Вақте офтобро мегирифтанд ё ними он сиёҳ мешуд, бархе намоз мехонданд, бархе косаву табақро ба ҳам мезаданд, то Моҳ ё Офтоб раҳо шавад.

--Бо овози баланд азон мегуфтанд ва намоз мехонданд.

--Чизҳои оҳанинро ба ҳам мезаданд, то рӯшанӣ дигарбора пайдо шавад ва "Моҳ аз азобу уқубатҳо раҳо ёбад". Ин як бешуурӣ ва бесаводии мардум буд, ки ин корҳоро мекарданд.

--Як ҳолати табиӣ аст, ки дар чандин сол 1-2 бор такрор мешавад.

Назарҳои бештарро дар ин навор бубинед ва андешаҳои худро дар инҷо нависед:

Браузери шумо HTML5-ро намешиносад

"Моҳро озор надиҳед". Боварҳои мардум дар бораи ҳодисаи гирифтани Моҳ