Садбарг Тӯйчиева, мудири собиқадори яке аз мактабҳои ноҳияи Шаҳритусро бо иттиҳоми таҷлили “худсарона” аз “Занги камолот” аз кор рондаанд. Як манбаъ дар ҳукумати ноҳияи Шаҳритус рӯзи 7-уми июн ба Радиои Озодӣ гуфт, ин маросим 26-уми майи имсол баргузор шуда, ҷараёни онро намояндагони идораи танзим ба навор гирифтаанд.
Чанд сол қабл, баъди нашри як навор аз занги охир муовинҳои мудири мактаби рақами 90 дар шаҳри Душанбе аз вазифа сабукдӯш шуданд.
Мақомот соли 2007, баробари ба иҷро даромадани қонуни танзими ҷашну маросим гуфтанд, ки ташкили маъракаҳои бошукуҳ дар муассисаҳои таълимӣ маҳдуд шуд. Соли гузашта Вазорати маориф ва илми Тоҷикистон ваъда дода буд, ки барои риоя накардани ин “қоида” мудирони мактаб ва омӯзгоронро ҷазо медиҳад.
Аммо Садбарг Тӯйчиева, мудири инак барканоршудаи мактаб, гуфт, онҳо на “Занги камолот”, балки бахшида ба рӯзи ҷавонон маҳфили хоксоронае баргузор карданд.
“Барномаи “Шоми ҷавонон” доштем. Ҳаминро дастак кардаанд. Чизҳое гуфтанд, ки туҳмат аст. Масалан, гуфтанд, ки бачаҳо дар тан либоси идона ва духтарон дар сар “лента” доштанд. Дар инҷо гап дигар аст”, - афзуд ӯ.
Тӯйчиева мудири ягона мактаби тоҷикиву русӣ дар ноҳияи Шаҳритуси вилояти Хатлон буд. Ҳоло масъулияти ӯ бар уҳдаи муовинаш гузаштааст.
Имсол дар вилояти Хатлон беш аз 49 ҳазор нафар мактабро хатм карданд
Таҳсили имсола дар мактабҳои миёнаи Тоҷикистон рӯзи 7-уми июн ба поён расид. Бархе аз хонандагон гуфтанд, ки дар ин рӯз дар мактабҳо маъракае баргузор нашуд ва мисли солҳои гузашта садои зангӯла ҳам баланд нагардид.
Дар гузашта дар мактабҳои миёнаи Тоҷикистон занги охир ё занги камолот 25-уми май садо медод. Дар он рӯз хамткунандагон бо либосу мошини махсус ба мактаб ҳозир ҳозир шуда, бо омӯзгорону хонандагон худоҳофизӣ менамуданд.
Бори аввал нест, ки масъулони мактабҳо барои баргузории занги камолот муҷозот мешаванд. Чанд сол пеш чанд омӯзгор баъди пайдо шудани навори хонандагонашон дар занги охир бо либосҳои наву мошинҳо дар интернет ҷазо гирифта буданд. Барои мисол, дар мактаби рақами 90-и шаҳри Душанбе, баъди нашри як навор аз занги охир, муовинҳои мудир аз вазифа сабукдӯш шуданд.
Бо вуҷуди талошҳои Вазорати маориф ва дарсҳои фаҳмондадиҳии омӯзгорон дар мактаб ҷиҳати манъи таҷлил аз занги охир, таҷрибаи солҳои гузашта нишон медиҳад, ки бархе аз хонандаҳо баъд аз хатми мактаб ва супурдани имтиҳонот шабнишиниҳои пинҳонӣ ташкил мекунанд.
Ҷавонон мегӯянд, ин роҳ на ба манфиати мактаб ва на ба манфиати хонанда хоҳад буд. Ба қавли онҳо, беҳтар аст роҳе пайдо шавад, ки ҳам хатмкунандаҳо аз як рӯзи хотирмону хуш маҳрум нашаванд ва ҳам пеши роҳи ҳодисаҳои нохуш миёни хонандагони ҷилавгирӣ шавад.