Роҳ боз шуд. Парвози ҳавопаймоҳо аз Тоҷикистон ба Русия
Браузери шумо HTML5-ро намешиносад
Тавофуқи Душанбеву Маскав барои азсаргирии парвозҳо ба истиснои таъхири як парвози ҳавопаймои “Сомон Эйр” ба Сочӣ иҷро шудаанд. Тоҷикистону Русия рӯзи 4-уми апрел созиш карданд, ки тамоми маҳдудияти парвози ҳавопаймоҳоро ба ду самт аз байн мебардоранд. Субҳи 5-уми апрел даҳҳо нафар, ки билети худро бозпас дода буданд, дубора чипта мехариданд. Вале гаронтар аз нархе, ки як ҳафтаи пеш буд. Тафсилотро дар ин гузориш видеоӣ бибинед.