Раиси ҷамоати деҳоти "Тоҷикобод" пайдо шудани парчамҳои сиёҳро шарҳ дод

Браузери шумо HTML5-ро намешиносад

Холмурод Нуриддинов, раиси ҷамоати деҳоти "Тоҷикобод" рӯзи 19-уми феврал дар сӯҳбат ба Радиои Озодӣ гуфт, ки мақомот авохири ҳафтаи гузашта 5 парчами монанд ба байрақи сиёҳи гурӯҳи "Давлати исломӣ"-ро пайдо кардаанд, ки ду донаи он дар болои бинои ширкати Нусратулло Саидов -- бародарзодаи Саид Абдуллоҳи Нурӣ насб шуда буд.