"Ҷоизаи Раҳмонро ба Путин диҳед"
Браузери шумо HTML5-ро намешиносад
Дар Тоҷикистон ҷоизае бо исми "Пешвои миллат - Эмомалӣ Раҳмон" таъсис ёфт. Ин ҷоиза барои сокинони Тоҷикистон, шаҳрвандони хориҷӣ ва ашхоси бешаҳрвандӣ, ки дар рушди демократия саҳми хос доштанд, тақдим мешавад. Қарори рақами 1001 дар мавриди таъсиси чунин як ҷоизаро раиси ҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон рӯзи 2-юми феврали имсол имзо кардааст. Чанд сокини Тоҷикистон ба ин савол посух доданд, ки ҷоизаи президент бояд ба кӣ супурда шавад?