"Агар шавҳарам зӯроварӣ кунад, ба милиса месупорам"
Браузери шумо HTML5-ро намешиносад
Бархе аз занони тоҷик дар суҳбати сарироҳӣ бо хабарнигори Радиои Озодӣ аз вуҷуди хушунат ё зӯроварӣ дар хонаҳои худ нақл карданд. Бархе аз онҳо рӯзи 29-уми январ гуфтанд, ки дар пайи хушунати шавҳар аз онҳо талоқ гирифтанд. Баъзеи дигар гуфтанд, ки иҷоза нахоҳанд дод, то касе ба онҳо ҷабр кунад. Назари бештарро дар ин навори видео бибинед ва навиштани фикру андешаҳои худро ҳам фаромӯш накунед.