Падари Умар Бобоҷонов аз Додситонии кулл 350 000 сомонӣ ҷуброн хост

Браузери шумо HTML5-ро намешиносад

Маҳмадсаид Бобоҷонов, сокини шаҳри Ваҳдат, барои тафтиши ғайрисамарбахш (беҳосил ё беасар)-и марги писари 23-солааш Умар Бобоҷонов аз Додситонии кулли Тоҷикистон 350 ҳазор сомонӣ ҷуброни зарари маънавӣ талаб кардааст. Додгоҳи ноҳияи Синои шаҳри Душанбе рӯзи 5-уми декабр ин даъво алайҳи Додситонии куллро ба баррасӣ гирифт.