Як мактаби Норакро аз лимити барқ халос карданд
Браузери шумо HTML5-ро намешиносад
Хонандагони мактаби рақами 11-и шаҳри Норак парвои маҳдудият ё лимити нирӯи барқро надоранд. Ин мактаб ҳамеша бо нирӯи барқ таъмин хоҳад буд. Нирӯи барқ аз дастгоҳҳои хусусии мактаб таъмин мешавад. Бо дарназардошти онки рӯзҳои офтобии Тоҷикистон зиёданд, дар инҷо истифодаи нирӯи хуршедӣ ё энергияи сабз тавсия мешавад.