“Модарам гуфт, ки мисли Манижаву Ёсуман шав”
Браузери шумо HTML5-ро намешиносад
Ёсуман ва Манижа – ду навраси 15-солаи тоҷик – ахиран дар Русия бо истеъдоди фавқулодаи худ бисёриҳоро тасхир карданд. Хабарнигори Радиои Озодӣ рӯзи 16-уми ноябр аз чанд навраси тоҷик пурсид, ки оё дар бораи Манижаву Ёсуман шунидаанд? Бархе аз онҳо гуфтанд, ки аз истеъдоди ин ду нафар тавассути телевизион огоҳ шуданд. Яке аз онҳо гуфт, “модарам мегӯяд, ки мисли Манижаву Ёсуман шав”.