Тоҷикистон қаҳрамони нави худро истиқбол кард

Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе шаби 14 ноябр ба базмгоҳе монанд буд. Садои карнаю сурнай, парчаму овезаҳои зиёд бо акси паҳлавонони тоҷик Саймумин Раҳимов ва Беҳрӯз Хоҷазода саҳни Фурудгоҳро пур карда буд.