"Имсол картошка, пиёз, гӯшт... ҳатто помидор қимат шуд"
Браузери шумо HTML5-ро намешиносад
Бархе аз сокинони пойтахти Тоҷикистон гуфтанд, ки харҷашон дар муқоиса ба як соли гузашта ду баробар афзудааст. Онҳо рӯзи 21-уми август дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ далели ин амрро ба гароншавии нархи маҳсулоти ғизоӣ ва сабзавот дар кишвар рабт доданд. Шумо чӣ мегӯед?