“Ҳамсарам пулдор бошад ва... хидмати волидонро кунад”
Браузери шумо HTML5-ро намешиносад
Як пурсиши сарироҳии хабарнигори Радиои Озодӣ дар Душанбе нишон дод, ки бисёре аз ҷавонон мехоҳанд, ҳамсари ояндаашон асосан дар хидмати волидон қарор гиранд. Онҳо, инчунин, гуфтанд, ки савод, ҷойи кор, тавоноӣ барои таъмини ҳамаҷонибаи хонавода, ахлоқ ва меҳрубонии ҳамсари ояндаашон низ муҳим аст. Шумо дар интихоби ҳамсари оянда бештар ба чӣ аҳамият медиҳед?