Абдумаҷид Ҳакимзода – сухангӯи Рустами Эмомалӣ шуд

Браузери шумо HTML5-ро намешиносад

Рӯзи 23 январ журналисти собиқадор ва як корманди пешини дафтари матбуоти президенти Тоҷикистон Абдумаҷид Ҳакимзода (дар гузашта Усмонов) раиси шӯъбаи иттилоот ва таҳлили шаҳрдории Душанбе таъин шуд. Ин мақом масъулияти иҷрои вазифаҳои сухангӯро ҳам дар назар мегирад.