4 ҳолати марги беморон ҳангоми пайвандсозии узвҳо
Браузери шумо HTML5-ро намешиносад
Мақомоти беҳдошти Тоҷикистон аз таҷрибаи пайвандсозии узвҳои бадани инсон дар кишвар ситоиш карда гуфтанд, ки ин таҷриба дар маҷмӯъ муваффақиятомез буд ва таваҷҷӯҳи муштариёни хориҷӣ ҳам афзудааст. Дар давоми ду соли гузашта дар Тоҷикистон 287 амалиёти пайвандсозӣ анҷом шуда, дар 4 ҳолат марги беморон сабт шудааст.