Бозёфти нодир дар "Уртабуз"-и Фархор

Браузери шумо HTML5-ро намешиносад

Бостоншиносони тоҷик дар мавзеи "Уртабузи" шаҳраки Фархор ду ҷасадеро пайдо карданд, ки ба қарнҳои 12-11 пеш аз милод тааллуқ дорад. Ин ҷасадҳои марду зане ҳастанд, ки якҷоя дафн шудаанд ва болои сарашон куза гузошта шудааст.