Дастаи мунтахаби занонаи Узбакистон, ки дар даври охирини мусобиқаи интихобии қаҳрамонии футболи Осиё миёни духтарони то 19-сола дар гурӯҳи “В” бар тими Тайван бо ҳисоби 1:0 ғалаба кард, соҳиби роҳхат ба марҳилаи ниҳоӣ шуд.
Ин бозӣ рӯзи 31-уми октябр дар Варзишгоҳи марказии шаҳри Душанбе барпо гардид. Тӯбро Мафтуна Панҷиева аз пеналтӣ ё ҷаримаи 11-метрӣ дар дақиқаи 26-уми дидор ба ҳадаф расонд.
Дар бозии дигари даври охирини гурӯҳи “В” мунтахаби Ҳонконг бар дастаи мизбон – Тоҷикистон –бо ҳисоби 1:0 ғолиб шуд. Дар ин бозӣ ҳам, ки шаби душанбе дар Варзишгоҳи марказии пойтахти Тоҷикистон сурат гирифт, ҷаримаи 11-метрӣ таъин шуд. Тӯбро аз пеналтӣ Пуи Ки Чунг дар дақиқаи 70-ум ба дарвозаи мизбонон зад.
Ҳамин тариқ, мунтахаби Тоҷикистон дар ҳарсе бозӣ аз дасти Узбакистон бо ҳисоби 0:3, аз тими Тайван бо ҳисоби 2:5 ва аз мунтахаби Ҳонконг бо ҳисоби 0:1 шикаст хӯрд.
Ба ин тартиб, мунтахаби Узбакистон дар ҷадвали мусобиқаи гурӯҳи “В” бо 9 имтиёз мақоми аввалро касб намуд ва ба марҳилаи ниҳоии қаҳрамонии Осиё-2017 роҳ ёфт.
Тайван бо 6 имтиёз дувум ва Ҳонконг бо 3 имтиёз севум шуданд. Мунтахаби Тоҷикистон бидуни имтиёз дар мақоми охирин – чорум – қарор гирифт. Ҳарсе дастаи мунтахаб - Тайван, Ҳонконг ва Тоҷикистон - аз ҳаққи ширкат дар марҳилаи ниҳоӣ маҳрум шуданд.
Мавқеи дастаҳо дар ҷадвали гурӯҳи “В”
- Узбакистон 3 3 0 0 7-0 9
- Тайван 3 2 0 1 8-3 6
- Ҳонконг 3 1 0 2 1-6 3
- Тоҷикистон 3 0 0 3 2-9 0