Мунтахаби футболи Тоҷикистон дар Фаластин

Мунтахаби футболи Тоҷикистон барои бозии байналмилалии дӯстона муқобили тими миллии Фаластин шоми якшанбеи 4 сентябр ба шаҳри Ҳеврон расид.

Ба иттилои дафтари матбуоти Федератсияи футболи Тоҷикистон, мунтахаби кишвар бегоҳи 3 сентябр тавассути ҳавопаймо аз Душанбе ба Дубай ва аз он ҷо ба Уммони Урдун парвоз кард. Аз пойтахти Урдун мунтахаби Тоҷикистон ба воситаи автобус аз қаламрави Исроил ба шаҳри Ҳеврони Фаластин расид.

Бозии дӯстона миёни тимҳои мунтахаби миллии Фаластин ва Тоҷикистон 6 сентябр дар Варзишгоҳи байналмилалии «Дура»-и Ҳеврон соати 18:00 ба вақти маҳаллӣ (соати 20:00 – ба вақти Душанбе) шуруъ мешавад. Бегоҳи 5 сентябр мунтахаби Тоҷикистон таҳти раҳбарии сармураббии даста Ҳаким Фузайлов дар Варзишгоҳи байналмилалии «Дура» тамрин карда, ба бозии дӯстона бо тими миллии Фаластин омодагӣ мебинад. Бозии дӯстона дар майдони чаманаш сунъӣ баргузор мешавад.

Доварони ин бозии байналмилалии дӯстона аз Урдун мебошанд. Довари ФИФА Мурод Аҳмад Баҳит Ал-Заваҳреҳи 37-сола сардовари бозӣ таъин шудааст. Ҳамватанони ӯ - ёварони довари ФИФА Обид Ар-Раҳмон Ноҷӣ Муҳаммад Оқили 39-сола ва Маҳмуд Тоҳир Муҳаммад Абу Тоҳири 37-сола – доварони марзи майдонанд.

Ба ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон 18 бозигар шомил аст. Дар байни онҳо шогирдони футболи тоҷик, ки дар бошгоҳҳои кишварҳои хориҷӣ бозӣ мекунанд, дарвозабон Абдуазиз Маҳкамов аз дастаи «Олой»-и Қирғизистон, нимҳимоятгарон Нуриддин Давронов аз бошгоҳи «Дунав»-и Булғористон ва Парвизҷон Умарбоев аз дастаи «Локомотив»-и Пловдиви Булғористон, ҳамлагар Ҷаҳонгир Эргашев аз тими «Динамо»-и Брести Беларус ҳастанд.

Вале ҳимоятгар Давронҷон Эргашев, ки дар бозии даври охирини мусобиқоти қаҳрамонии Қазоқистон дар ҳайати «Тараз» лат хӯрдааст, наметавонад ба мунтахаби Тоҷикистон дар бозӣ муқобили Фаластин кӯмак кунад.

Ҳайати мунтахаби Тоҷикистон дар бозӣ муқобили Фаластин:
Дарвозабонҳо: Абдуазиз Маҳкамов («Олой», Қирғизистон), Қурбоналӣ Бобоев («Истиқлол»);

Ҳимоятгарон: Сиёвуш Асроров, Амирбек Ҷӯрабоев, Аҳтам Назаров (ҳарсе – «Истиқлол»), Эраҷ Раҷабов, Ойбек Абдуғаффоров (ҳарду – «Ҳосилот»);

Нимҳимоятгарон: Нуриддин Давронов («Дунав», Булғористон), Парвизҷон Умарбоев («Локомотив», Пловдив, Булғористон), Фаридун Шарифов, Фатҳулло Фатҳуллоев, Нозим Бобоҷонов (ҳама – «Истиқлол»), Умедҷон Шарифов («Вахш»), Муҳаммадҷони Ҳасан(«Барқчӣ»);

Ҳамлагарон: Ҷаҳонгир Эргашев («Динамо», Брест, Беларус), Фарҳод Тоҳиров («Хуҷанд»), Аҳтам Ҳамроқулов («Регар-ТадАЗ»), Манучеҳр Ҷалилов («Истиқлол»).