Волидони Садриддин Тошев (Қорӣ), ки номаш борҳо дар Тоҷикистон расонаӣ шуда буд, мегӯянд, мақомоти раёсати зиндонҳо баъди он ки вай дар моҳи августи соли 2014 қазияи "шиканҷа" шуданашро эълон кард, ҳамагӣ як маротиба иҷозаи мулоқот додаанд ва дигар аз сарнавишти фарзандашон хабар надоранд.
Баҳриддин Тошев, падари Садриддин Тошев маҳбуси зиндони рақами 1-и Душанбе, имрӯз 8 март ба Радиои Озодӣ гуфт, баъди он ки писараш бо хабарнигорон дар дохили СИЗО суҳбат карду гуфт, ки шиканҷа шуданаш дар зиндон як«спектакле» буд, мақомоти зиндон ӯро аз мулоқот бо пайвандон маҳрум кардаанд.
Баҳриддин Тошев мегӯяд, суҳбати фарзандаш бо хабарнигорон дар дохили боздоштгоҳи рақами аввал дар моҳи августи соли 2014 сурат гирифта буд ва баъди он натавонистааст бо писараш мулоқот кунад. Танҳо ғизои бурдааш қабул мекунанд.
“Мо аҳли хонавода аз саломатии Садриддин дар ташвишем. Вай аз дохил фақат доруворӣ мепурсад, мехоҳем фаҳмем чӣ аҳвол дорад. Бо чашмони худамон бинему ором шавем”
Як манбаъ аз Раёсати муассисаҳои ислоҳии Тоҷикистон ба Радиои Озодӣ гуфт, вазъи Садриддин Тошев, ки дар боздоштгоҳи муваққатии рақами аввал нигоҳдорӣ мешавад, хуб аст. Баъди муроҷиати наздиконаш ба онҳо иҷоза дода шудааст, ки рӯзи 10 март бо ӯ мулоқот кунанд. Ин манбаъ мегӯяд, дар нисбати Садриддин Тошев ҳеҷ мушкиле вуҷуд надорад.
Вакили мудофеъи Садриддин Тошев Файзиниссо Воҳидова мегӯяд,ки дирӯз 7 март ба Додгоҳи олии Тоҷикистон дар робита ба парвандаи Тошев ва масъалаи нигаҳдории ӯ бо як нома муроҷиат кардааст.
Вай мегӯяд, баъди содир шудани ҳукми додгоҳ маҳкумшуда бояд дар маҳбаси ислоҳӣ нигоҳ дошта шавад, вале Садириддин Тошев аз маҳбаси Хуҷанд ба СИЗО-и рақами аввал оварда шудааст.
Вай мегӯяд, ин бори дуввум аст.ки дар нисбати ҳимоятгараш нома менависад, вале то ҳол посухи расмӣ дарёфт накардааст.
Садриддин Тошев, ки ҳудудан ду сол пеш бо пахши видеоҳои шиканҷа аз дохили зиндон шӯреро дар расонаҳо барпо карда буд, рӯзи чоршанбеи 6- уми августи соли 2014 шиканҷа шудашро «спектакле» унвон кард, ки ба гуфтаи ӯ, аз ҷониби гурӯҳҳои «ғаразкор» таҳия шудааст.
Ин маҳбус, ки бо рӯзноманигорон дар дохили маҳбас сӯҳбат мекард, «дар ин спектакл аз содагии ӯ истифода бурда, барои нақшофарӣ ҳамчун маҳбуси шиканҷашуда рол бозӣ кардааст».
Хабарнигорони якчанд нашрияи Тоҷикистон бо шумули Радиои Озодӣ рӯзи чаҳоршанбеи 6-уми августи соли 2014 барои дидор ба зиндони рақами 1 даъват шудаанд. Иззатулло Шарифов, раҳбари Раёсати ислоҳии маҳбасҳои Вазорати адлияи Тоҷикистон гуфта буд, мулоқот ва сӯҳбат бо рӯзноманигорон тасмими худи Тошев буд ва мақомоти зиндон низ хоҳиши ӯро иҷро карданд. Раиси маҳбасҳои Тоҷикистон воқеияти навори шиканҷаро, ки дар сомонаи Озодӣ ва чанд нашрияи дигар чоп шуда буд, инкор кард ва гуфт, ки ҳамаи ин саҳнасозӣ буд. «Онҳо худашонро лату кӯб кардаанд. Тошев иқрор шуд ва аз ин кораш пушаймон шудааст. Ӯ гуфт, ки пушаймон шудааст ва хост, бо рӯзноманигорон сӯҳбат кунад. Ӯ гуфт, ки нав фаҳмид, ки онҳоро истифода мебаранд. Хоҳиш кард, ки чун қаҳрамони матбуот буд, ӯро бо онҳо рӯ ба рӯ кунад ва ҳарфи дилашро гӯяд.»
Маълум нест, ки Тошев саҳнасозии шиканҷаро бо ихтиёри худ эътироф кард ва ё бо хоҳиши мақомоти маҳбас, аммо ин ҷангандаи собиқи Иттиҳоди нерӯҳои мухолифон, маъруф бо тахаллуси «Қорӣ», ки соли 2001 барои 25 сол ҳукми зиндонӣ гирифта буд, ба хабарнигорон гуфт, «хеле миннатдор аст, ки дархости ӯ дар мавриди сӯҳбаташ бо рӯзноманигоронро маъмурияти зиндон пазируфта, барояш чунин шароит фароҳам овардаанд.»
Ӯ, ҳамчунин, марги Ҳамза Икромзодаро, ки дар соли 2012 ба гуфтаи маҳбусҳои дигар ва хешу табораш дар пайи шиканҷа ҷон бохтааст, инкор кард ва гуфт, ки Ҳамза бинобар мушкилоти оилавӣ худро ба дор овехта буд, аммо «гурӯҳҳои ғаразкор ин ҳодисаро ба манфиати сиёсӣ истифода бурда, шиканҷа унвон карданд.»
Пас аз марги Ҳамза Икромзода, Садриддин Тошев бо гурӯҳе аз зиндониён аз Душанбе ба маҳбасхонаи Хуҷанд интиқол ёфтанд ва пас аз ду ҳафта дар шабакаҳои иҷтимоӣ наворе пахш шуд, ки шиканҷа шудани онҳоро намоиш медод. Аз ҷумла, худи Тошев бадани сиёҳшудаашро намоиш дода мегуфт, ӯро маъмурони зиндон ба хотири шоҳидӣ додан дар парвандаи Икромзода ӯро шиканҷа кардаанд. Аммо баъдан ӯ ақибнишинӣ кард.