Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон аз хатари вируси “Зика” ҳушдор дода, аз сокинон даъват дорад, ки ҳангоми сафар ба хориҷа аз эҳтиёт кор бигиранд. Як намояндаи ин ниҳод рӯзи 8 феврал ба Озодӣ гуфт, ҳоло тамоми марказҳои тиббии кишвар омода ҳастанд, ки ба сайёҳон, муҳоҷирони корӣ ва диломатҳо дар бораи ин бемории сироятӣ маълумоти ҳамаҷониба диҳанд.
“Агар шаҳрвандон қоидаҳои бехатарӣ аз ин бемориро аз худ кунанд, ҳатто кишварҳое, ки ин беморӣ вуҷуд дорад, барояшон чандон хатарнок нест. Барои мисол, бояд либосе ба бар кунанд, ки қисми зиёди баданро бипӯшонад. Ё дар вақти хоб дару тирезаи хонаро бубанданд,” – афзуд ӯ.
Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон мегӯяд, ки то ҳол дар қаламрави кишвар вируси “Зика” ба қайд гирифта нашудааст. Аммо дар фурудгоҳ чораҳои ҷилавгирӣ аз вуруди гирифторони “Зика” ба Тоҷикистон андешида шуда, “Барномаи махсус оид ба муборизаи ҳамаҷониба бо бемориҳои сироятӣ барои солҳои 2016-2020” низ таҳия гардидааст.
Як ҳафта қабл Созмони Ҷаҳонии Тандурустӣ эълон кард, ки бемории сироятии "Зика" дар ҳоли паҳншавист. Маргарит Чан, раиси Созмони Ҷаҳонии Тандурустӣ рӯзи 28 январ дар нишасти намояндагони кишварҳои узви ин созмон хостори баргузории нишасти изтирории ин созмон барои мубориза бо вируси "Зика" дар оғози моҳи феврал шуд.
Браузери шумо HTML5-ро намешиносад
Зимнан, Созмони Ҷаҳонии Беҳдошт, ин вирусро хатари ҷаҳонии беҳдоштӣ эълон кардааст ва ҳушдор додааст, ки ин вирус метавонад дар қитъаи Амрико то ба 4 миллион нафарро сироят кунад ва дар саросари ҷаҳон паҳн шавад.
Вируси “Зика” ҳангоми газидани кӯрпашша сироят мекунад, бо вуҷуди он ки дар Амрико ҳафтаи ҷорӣ мавриди сирояти он тавассути робитаи ҷинсӣ низ мушоҳида шудааст. Ин вирус дар 26 кишвари амрикоӣ паҳн шудааст ва то ҳол ваксину дору ва ё роҳи муолиҷаи онро пайдо накардаанд.
Коршиносон дар Бразилия умед доранд, ки дар давоми ҳамин сол ваксинеро барои муолиҷа аз ин вирус ихтироъ хоҳанд кард.