Мақомот: Заминларзаи рӯзи гузашта дар Тоҷикистон талафот надошт

Кумитаи ҳолатҳои фавқулодаи Тоҷикистон мегӯяд, заминларзаи шадиди рӯзи 26 октябр талафот надоштааст. Аммо ин кумита машғули ҳисобу китоби хисоротест, ки аз ин заминларза боқӣ мондааст.

Ҳарчанд хисороти заминларзаи рӯзи 26 октябр дар кишвар ҳанӯз ҳисоб нашудааст, аммо масъулони Кумитаи ҳолатҳои фавқулодаи Тоҷикистон мегӯянд, ки ин заминларза бе талафоти ҷонӣ гузаштааст.

Орифҷон Нозимов, сухангӯи Кумита, рӯзи сешанбе дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, дар пайи ин заминларза дар ноҳияҳои Ишкошим ва Роштқалъа, ки ба маркази зилзила, яъне Афғонистон, наздикӣ доштанд, чанд хона хароб шуда ва дар ҳолати садамавӣ қарор гирифтаанд. "Аммо талафоти ҷонӣ нест," -- афзуд ӯ.

Ин ҳам дар ҳоле ки тибқи иттилои расида аз манотиқи Тоҷикистон заминларзаи рӯзи гузашта паёмадҳои номатлубе ба сокинон доштааст. Аз ҷумла, дар пайи ин заминларза чордаҳ талабаи мактаби рақами 45 дар ноҳияи Ёвон ҷароҳат бардоштаанд. Як масъули ин мактаб дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, вазъи чаҳор нафари онҳо вазнин буда, ҳамаашон таҳти муроқибати табибон қарор доранд. Ба қавли ҳамсӯҳбати мо ҳангоми заминҷунбӣ хонандагон хостаанд худро ба берун бикашанд, ки дар зинапояи мактаб талотум шуда, дар натиҷа баъзеашон аз тарс аз ҳуш рафта, бархеашон ба болои якдигар афтода, маҷруҳ шудаанд.

Браузери шумо HTML5-ро намешиносад

Заминларза хонандагони мактаби Ёвонро захмӣ кард

Дар ҳамин ҳол, пизишкони бемористони "Ёрии таъҷилӣ", маъруф бо номи "Скорый", дар Душанбе мегӯянд, баъд аз заминларзаи шадиди 26 октябр ҳудуди 60 нафар ба онҳо телефонӣ муроҷиат карда, кумак хостаанд. ​Дилбарниссо Мирзоева, корманди "Ёрии таъҷилӣ" ба Радиои Озодӣ гуфт, "асосан аз тарс фишори бархе аз сокинон поин рафта, беҳуш шудаанд. Барои ҳамин, ба мо муроҷиат карданд ва кормандони мо ба назди онҳо рафта, ёрӣ расонданд. Ҳамагӣ ҳафт нафарро ба "Ёрии таъҷилӣ" оварданд ва онҳо низ баъди дарёфти кумак ба хонаҳояшон баргаштанд. Ҳеч кас нафавтидааст. Аксари муроҷиатнамудаҳо занон буданд.”

Браузери шумо HTML5-ро намешиносад

Шарҳи масъулони Маркази зилзилашиносӣ дар бораи заминларза

Зимнан, як устоди донишгоҳи давлатии Хоруғ ба Радиои Озодӣ гуфт, дар вақти такон хӯрдани замин донишҷӯён ба таҳлука афтода, ҳангоми аз ошёнаи сеюм ба поён поён фаромадан талотум шудааст ва тақрибан 7 нафари онҳо беҳуш гардидаанд. Ӯ гуфт, бо расидани кумаки пизишкон вазъи ин донишомӯзон ҳоло беҳтар шудааст. Бахши ҳолатҳои фавқулодаи Бадахшон мегӯяд, бар пояи маълумоти комиссияҳои изтирорӣ, дар ноҳияи Ишкошим 8 хона хароб шуда, мактаби рақами 42-и ҳамин ноҳия қисман хароб шудааст. Феълан комиссияҳо вазъи ноҳияи Ванҷ, Дарвоз ва дигар навоҳии Бадахшонро месанҷанд.

​Маркази зилзилашиносии Тоҷикистон мегӯяд, заминларзаи шадид соати 14-ву 9 дақиқа рух дода, маркази он 300-километрии ҷанубушарқи Душанбе, дар қаламрави Афғонистон, будааст. Ба гуфтаи масъулони ин марказ, шиддати заминларза дар маркази он аз 6 то 7 балл ва дар шаҳри Душанбе 5-6 дараҷаи ҷадвали Рихтерро ташкил додааст. Мувофиқи маълумоти Маркази зилзилашиносии Амрико маркази ин заминҷунбӣ дар шимолушарқи Афғонистон буда, 7,7 дараҷа аз рӯи ҷадвали Рихтер будааст. Зилзиларо дар Кобул, Деҳлӣ, Исломобод, Тошканд ва Бишкек ҳам эҳсос кардаанд. Аз ин минтақаҳо аз вайрон шудани хонаҳо ва ҳалокати сокинон хабар мерасад.

Баҳром Олимов

Масъулони Пажӯҳишгоҳи геология, сохтмони ба замин тобовар ва сейсмологияи Академияи илмҳои Тоҷикистон заминларзаи пуршиддати 26 октябрро ба зилзилаи бист соли пеш шабеҳ медонанд, ки дар пай хисороти зиёд доштааст. Баҳром Олимов, як масъули ин пажӯҳишгоҳ дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, “бори охир соли 1995 чунин заминларзаи шадиди беш аз 6-дараҷаиро ба қайд гирифта будем, ки маркази он ҳам Афғонистон буд”. ​

Браузери шумо HTML5-ро намешиносад

Зилзила аҳли «Душанбе-Плаза»-ро нороҳат кард

Заминҷунбии рӯзи душанбе аксари сокинонро дар ҳолати тарс гузоштааст ва бештари ҳамсӯҳбатони мо мегӯянд, баробари заминҷунбӣ худу фарзандонашонро аз дохили хонаҳо ва идораҳо ба берун кашидаанд. Роҳгузарон дар хиёбонҳои Душанбе низ дар суҳбат бо хабарнигорони Радиои Озодӣ гуфтанд, ки шиддати баланди заминҷунбиро эҳсос кардаанд.