"Қабристони ғарибон" дар Кишти Шӯрообод

Браузери шумо HTML5-ро намешиносад

Дар яке аз гардишҳои рӯди Панҷ, воқеъ дар деҳаи Кишти ноҳияи Шӯрообод, об баъзан ҷасадҳоро ба соҳил мебарорад. Сокинони маҳал ин ҷасадҳои ношиносро аз об берун кашида, тибқи расму оини мусулмонӣ ба хок месупоранд.