Дар Ҳинд дар ҳодисаи роҳи оҳан 21 нафар кушта шуд

Дар Ҳиндустон дастикам 21 нафар ҳангоми бархӯрди қатори мусофирбар бо рикшаи мотордор дар аёлати Биҳор ба ҳалокат расидаанд. Ғавчӯб ё шлагбауми роҳи оҳан боз будааст ва рикшаи пуродам ҳангоми гузаштан аз роҳи оҳан бо қатор бармехӯрад. Қатор ин рикашаро бо одамон то масофаи 500 метр мекашад.

Дар миёни кушташудагон 7 кӯдак ва 6 зан низ будаанд. Ришкшанишастагон аз ибодате дар як маъбади ҳиндӣ бармегаштаанд.

Ҳиндустон бузургтарин кишвари дорои шаъбакаҳои роҳи оҳан дар ҷаҳон аст ва садамаҳои роҳи оҳан дар ин кишвар зуд-зуд рух медиҳад. Моҳи май низ дар аёлати Уттар Прадеш дар шимоли Ҳинд дар ҳодисаи роҳи оҳан 40 нафар кушта шуда буданд.