Дар натиҷае таркише дар як корхонаи вилояти шарқии Янгсуи Чин 65 нафар кушта бештар аз 100 нафари дигар маҷруҳ шудаанд.
Бино ба хабарҳои матбуотӣ, ин таркиш 2 август дар яке аз бахшҳои худкори корхонаи шаҳри Куншан дар ҳазор километрии ҷануби шарқи Пекин-пойтахти чин рух додааст.
Ин корхона, ки марбут ба як ширкат будааст, қисмҳои мошин тавлид мекардааст. Амалиёти наҷот дар ин корхона идома дорад ва мақомот сабаҳои таркишро таҳқиқ мекунанд.