Дар Ҷопон рӯзи панҷшанбе нахустин дар соли равон ҳукми эъдом аз тариқи ҳалқовез иҷро шуд. Кавасаки Масаморӣ дар куштори се нафар аз ҷумла як духтарчаи 3-сола айбдор шуда буд.
Вазири адлияи Ҷопон Садаказӣ Танигакӣ ҷинояти содиркардаи Кавасакиро “ҷинояти басо сангин” хонд. Ин марди 58-сола моҳи ноябри соли 2007 келин ва ду набераи худро ба қатл расонда буд.
Кавасакӣ Масаморӣ – нӯҳумин нафарест, ки дар тули якуним соли нахуствазирии Синдзо Абэ эъдом мешавад.
Дар ИМА ва Ҷопон – ду кишвари пешрафтаи саноатии олам то ҳанӯз ҳам ҳукми эъдом боқӣ мондааст.